Главная / Илм / АНОНИХИЯ

АНОНИХИЯ

anonihijaАНОНИХИЯ (Anonychosis), анонихоз, дар ангуштон набудани нохун. А. яке аз шаклҳои дистрофияи нохунҳост. Ба дистрофияи нохунҳо мансубанд: атрофияи нохунҳо – ниҳоят тунук шудани нохунҳо; гипертрофияи нохунҳо – ғафс шудани лавҳачаи нохунҳо; макродактилия – калон шудани андозаи ангуштогн ва нохунҳо; микродактилия – хурд шудани андозаи ангуштон ва нохунҳо; зиштии ангуштон ва нохунҳо; онихолизис – тадриҷан ҷудо шудани қабатҳои нохунҳо; койлонихия – табақчашакл шудани нохунҳо; лейконихия – сафед шудани нохунҳо.
А. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А.-и модарзодӣ бо диг. нуқсҳои инкишофи ҷанин ҳамроҳ шуда, хусусияти оилавӣ дорад. Сабаби А.-и ғайримодарзодӣ бемориҳои гуногуни илтиҳобӣ ва тағзиявӣ мебошанд.
А., мисли баъзе иллатҳои дистрофии дигари нохунҳо қариб, ки табобат надоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …