Главная / Илм / АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

АНЕСТЕЗИОЛОГИЯ

anasteziologiyaАНЕСТЕЗИОЛОГИЯ (Anaesthesiologia; аз юн. anaisthesia – беҳиссӣ, карахтӣ ва …логия), як фасли тибби амалист, ки масъалаҳои рафъи дард ва идораи фаъолияти ҳаётан муҳими организм (нафаскашӣ, гардиши хун, мубодилаи моддаҳо ва ғ.)-ро таҳия месозад. Баъзе усулҳои А. ба табибони қадим маълум буд. Мас., онҳо бо мақсади карахт кардан аз маводи мухаддир, шароб, тарёк ва ғ. истифода мебурданд.
Усулҳои асосии рафъи дард, наркоз ва беҳиссозии ҷузъӣ дар а. 19 кашф шуда, минбаъд тараққӣ ва такмил ёфтанд. А. чун илм с-ҳои 50-уми а.20 ба вуҷуд омадааст. Дар ин муддат усулҳои нави рафъи дард дарёфт шуданд, асбобҳои наркозӣ таҳия гаштанд; онҳо фаъолияти ҳаётан муҳими организмро назорат карда, маризиҳоро саривақт пешгирӣ менамуданд; доруҳои нав синтез карда шуданд. Ин ҳама боиси костани хатари ҷарроҳӣ гардид, барои ҷарроҳии дарозмуддати дил, шуш ва диг. узвҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳам омаданд.
А. пайваста бо дастовардҳои физиология, фармакология, биохимия ва техника ривоҷ меёбад. Вай ба ҷарроҳон имкон медиҳад, ки мураккабтарин амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият иҷро карда, барои зудтар аз байн рафтани осори амали ҷарроҳӣ ва шифо ёфтани мариз шароити мусоди муҳайё созанд.
Дар Тоҷикистон А. солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст. Сараввал ба масоили илмӣ ва амалии А. ҷарроҳон машғул мешуданд. Минбаъд дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тарбияи анестезиологҳо ба роҳ монда шуд. Дар аксар беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ шӯъбаҳои анестезиологӣ ташкил ёфта, бо таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисон таъмин карда шуданд. Олимони ҷумҳурӣ дар ҳалли усулҳои А.-и кӯдакон ва мубориза бо танқисии нафаскашӣ тадқиқоти амиқ гузарониданд. Онҳо дар шароити кӯҳистон тариқи ба кор бурдани карахтсозӣ ва ҷараёни онро омӯхта, дафъатан А.-и баландкӯҳиро ривоҷ доданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …