Главная / Илм / АНКИЛОЗ

АНКИЛОЗ

ankilozАНКИЛОЗ (аз юн. ankylos – каҷ), беҳаракатии банду буғумҳо дар натиҷаи ба ҳамдигар васл шудани онҳо. Ду намуди А. мавҷуд аст: фиброзӣ (банду буғумҳо дар натиҷаи дар байни онҳо сабзидани бофтаи фиброзӣ ноҷунбон мешаванд) ва устухонӣ (тағояки буғумҳо қисман ё пурра вайрон шудаанд ва дар сатҳи урёншудаи онҳо бофтаи устухонӣ сабзидааст). Дар мавриди А.-и устухонӣ буғум пурра аз ҳаракат мемонад; ҳангоми А.-и фиброзӣ бошад, ҳаракати он заиф ва суст аст. А.-ҳо баъди рух додани садама ё дар натиҷаи амрози илтиҳобии буғумҳо пайдо мешаванд. Гачбандии тӯлони низ боиси А. мегардад.
Аломати асосии А. беҳаракатӣ дар буғумҳост. Ихтилоли фаъолияти узв аз ҳолати чанбаре вобастагӣ дорад, ки дар он фиксатсия ба амал омадааст. Мас., агар дар натиҷаи А.-и банди зону пой дар ҳолати қаткарда фиксатсия шуда бошад, пас дуруст роҳ гаштан номумкин мегардад; агар пой дар ҳолати рост ё каме қат фиксатсия карда шавад, бемор метавонад, ҳаракат ва кор кунад.
Муолиҷаи А. бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад. Тавассути остеотомия метавон ба андомҳо мавқеи нисбатан дуруст дод. Буридани банд ва артропластика амали мураккаб буда, фақат дар мавриди табобати ортопедии комплексию мураттаб натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Вале дар ин сурат низ комилан ба ҳаракат овардани узв душвор аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …