Главная / Илм / АНОР

АНОР

granatАНОР (Punica granatum), нор, руммон, бутта ё дарахтест начандон калони сертана. То 2 – 5 м қад мекашад. Навдаҳояш хокистарранги сабзтоб, пӯстлохи шохҳояш хокистарранги хира, баргаш байзашакли нӯгтез, гулаш сурхи кӯзачамонанд, зангӯлашакл. Мевааш калон, пӯсташ чармгуни сурх ё зардтоб. Апр. – май гул карда, мевааш сент. – окт. мепазад. Анорзорҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар қ.-кӯҳҳои Дарвоз, Қаротегин ва Ҳисор мавҷуданд.
А. растании доруии қадимист. Абӯалии Сино ҳама узвҳои А.-ро шифобахш ҳисобидааст. Бино ба маълумоти ӯ гули А. ҳама гуна хунравиро бозмедорад, ҳангоми хунравии милки дандон муфид аст, дандонҳои лиққонакро устувор ва хунпартоиро рафъ мекунад, барои хунравии захми рӯда ва бачадон манфиат дорад. Оби А.-и турш ҳангоми табларза ва илтиҳоби меъда нафъ меорад. Хокаи гули А. ҷароҳату захмҳои кӯҳна, ҷойҳои кафидагии пӯстро шифо мебахшад. Аз он марҳам тайёр карда, ба чурра мебанданд. Шайхурраис тухми бо асал омехтаи А.-ро барои нохунхӯрак, захмҳои бадзот ва захми мақъад марҳами хуб ҳисобидааст. Пӯстлохи шохчаҳои навраси А. давои хуби пешоброн, ҳайзовар ва киҷҷарон мебошад. Ба ақидаи ӯ ҳама узвҳои А. ҳангоми номураттабии кори дил кумак мерасонад.
Дар китоби «Махзану-л-адвия» омада, ки «… қуввати қабзият дар ҷамеи аъзои он мавҷуд аст, ҳатто оби афшурдаи он низ ҳамин асар (таъсир)-ро дорад, ҳарчанд қабзияти он ҳис намешавад… Ва ҷиҳати тақвияти ҷигар ва ярақон, сипурз, тапидани дил, дарди сина, ҷиҳати соф кардани овоз ва фарбеҳ кардани бадан ва гузаштани ғизо нофеъ аст… Зиёд хӯрдани он муфсиди ғизо ва мураххӣ (сусткунандаи) меъда ва музирри соҳибони ҳуммо (таб) аст ба сабаби бодовар буданаш».
Дар тибби халқӣ пӯстлохи шохчаву тана, гул, мева ва пӯчоқи А.-ро барои муолиҷаи бемориҳои заъфарма, обхӯра, сулфа, меъда, зиқи нафас, заҳрбод ва чун воситаи рафъи дард, қобиз (зидди исҳол), киҷҷарон, оби онро барои табобати зангила ва чун омили иштиҳоовар истифода мебаранд.
Дар тибби илмӣ ҷӯшоб ва қиёми пӯстлохи тана, шохча, реша ва пӯсти А.-ро ҳамчун омили киҷҷарон ва ҳангоми заъфи меъдаву рӯда тавсия медиҳанд: 40 – 45 г пӯстлохи майдакардаро дар 400 мл об 6 соат тар карда мемонанд. Баъд онро то 200 мл монданаш меҷӯшонанд ва полида хунук мекунанд. Ҷӯшобро дар давоми як соат нӯшида, баъди ним соат давои исҳоловар медиҳанд.
Дар амалияи гиёҳшифоӣ ҷӯшоби пӯчоқи А.-ро ҳангоми дарунравӣ, исҳоли хунин, илтиҳоби меъдаву рӯда тавсия медиҳанд. Барои тайёр кардани ҷӯшоб 2 чумчача пӯсти А.-и майдакардаро дар як истакон об андохта 15 дақиқа ҷӯшондан лозим (барои 2 рӯз). Ҷӯшоби пӯстлохи реша ва шохчаи А. (50 г пӯстлохи майдакардаро дар 0,5 л об 15 дақиқа меҷӯшонанд)-ро барои рафъи кирмҳои макканда самарабахш меҳисобанд. А. меваи парҳезӣ ва серғизо аст. Афшураи А. қанд, ҷавҳари лиму, глюкоза, танин ва витамини С дорад.
Ад.: Ҳикмати арсҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошимов), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …