Главная / Илм (страница 188)

Илм

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

angiokardiografiia

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ (аз ангио…, кардио… ва …графия), ба даст овардани тасвири рентгении артерияҳо, венаҳо ё ҷавфи дил баъди ба онҳо равон сохтани моддаҳои контрастӣ. А. имкон медиҳад, ки хусусиятҳои анатомӣ ва тағйироти бинобар бемориҳо рухнамуда, ҳамчунин самти ҳаракати хун дар узвҳои мазкур ошкор карда шавад. Ба сифати моддаи контрастӣ аз пайвастҳои …

Муфассал »

АНГИОЛОГИЯ

angiologiya

АНГИОЛОГИЯ (Angiologia; аз ангио… ва …логия), вазология, фасли анатомия, ки оид ба рагҳои хуну лимфа маълумот медиҳад. Истилоҳи А.-ро бори нахуст Ҷолинус пешниҳод кардааст. ӯ амалиёти ҷарроҳии дар як қисми раги хунгард гузаронидаро А. номид. Шарҳи имрӯзаи А. ба олими тиб Л. Ҳейстер мансуб аст. Дар инкишофи таълимоти ангиологӣ Везалий, …

Муфассал »

АНГИОМА

angioma

АНГИОМА (Angioma; аз ангио… ва …ома), омосест ғайрисаратонӣ. Аз рагҳои хунгузар (гемангиома) ва лимфавӣ (лимфангиома) ба вуҷуд меояд. А. дар узву бофтаҳои гунгогун (пӯст, насҷи зери пӯст, ҷигар, мушакҳо, устухон, майна, гурда) пайдо мешавад; баъзан ба миқдори зиёд нуму меёбад. Дар мавриди бисёр будани А. онро ангиоматоз меноманд. Беморӣ бештар …

Муфассал »

АНГИОНЕВРОЗ

angionevroz

АНГИОНЕВРОЗ (аз ангио… ва невроз), ихтилоли вазоифии асаби рагҳои хунгард. Аломатҳои А. ногаҳон паридани ранг ё сурх шудани пӯст, варам кардани он, серарақӣ, эҳсоси сӯзиши бадан, карахтӣ ва ғ. мебошанд. А. ҳангоми бемориҳои асаб ва бемориҳои рӯҳӣ ба мушоҳида мерасад.

Муфассал »

АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ

angiopulmonografia

АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ, ангиопневмография, тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгардиши хурд. Ҳангоми А. ба раг моддаи контрастӣ мефиристанд (верографин, урографин, кардиотраст ва ғ.). А. бо мақсади омӯзиши фаъолият ва сохтори анатомии рагҳои шуш дар мавриди бемориҳои гуногун ба амал оварда мешавад. А.-ҳои умумӣ ва интиҳоиро фарқ мекунанд. Ҳангоми А.-и умумӣ моддаи контрастиро ба венаи …

Муфассал »

АНГИОСАРКОМА

angiosarkoma

АНГИОСАРКОМА (Angiosarcoma), омоси рагҳо. Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60%-и беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40%-и он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъи А.-ҳо аз ҳуҷайраҳои эндотелий ба вуҷуд меоянд. А., одатан, дар сар, гардан, қисми мӯйдори сар, баъзан дар ҷоғи боло …

Муфассал »

АНГИОСПАЗМ

angiospazm

АНГИОСПАЗМ (аз ангио… ва спазм), ихтилоҷи артерияҳои майда, ки дар натиҷа гардиши хун дар узву бофтаҳо суст мешавад. А. ҳангоми бемориҳои фишорбаландӣ, шақиқа, стенокардия ва ғ. падид меояд. Сабаби А. метавонад сактаи майна, сактаи дил ва диг. бемориҳо бошанд. Дар натиҷаи А. девораи рагҳо дучори тағйирот мегардад (атеросклероз).

Муфассал »

АНГИОСТОМИЯ

angiostomiya

АНГИОСТОМИЯ (аз ангио ва … стомия), вазостомия, яке аз усулҳои ҷарроҳӣ. А.-ро олимон Фелкер ва Белфилд бо мақсади муолиҷаи илтиҳоби манидон пешниҳод кардаанд. Ҷарроҳӣ зери беҳиссозии ҷузъӣ (мавзеӣ) гузаронида мешавад. Бурриши ҷойи амалиёт калон нест (4 – 5 см).

Муфассал »

АНГИШТИ ФАЪОЛ

angishti_faol

АНГИШТИ ФАЪОЛ (Carbo acitivatus), ангишти ҷозиб, ангишти ба таври махсус коркарда, ки қобилияти пайваст кардани газ, заҳр ва диг. моддаҳои фаъолро дорад. А. ф.-ро, ки мансуби ангишти сунъист, аз ангишти табиӣ ё ангишти чӯб бо роҳи нест кардани моддаҳои зифтӣ ҳосил мекунанд. Хосияти адсорбсиявии А. ф. хеле баланд аст. А. …

Муфассал »

АНГУДОН

angudon

АНГУДОН [(Ferula foetida (≈ F. assa-foetlida)], анҷудон, анғӯза, гандабӯ, каврак, гиёҳест худрӯи бадбӯй (махсусан беху мевааш). Бехаш турбмонанд, ғафс. Пояаи рост (то 120 см қад мекашад), ғафс (қутраш 5 – 8 см) ва камшох дорад. Баргаш нарм (рӯяш бепашмак, пушташ серпашмак), зуд пажмурда мешавад; барги бехи пояаш нисбат ба баргҳои …

Муфассал »