Главная / Илм / АНКАБУТИЯ

АНКАБУТИЯ

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

АНКАБУТИЯ, тӯрпарда, яке аз пардаҳои девораи ғӯзаи чашм. А. ғӯзаи чашмро аз дарун фаро гирифтааст. Пардаи хеле нафис буда, сохтори мураккаб дорад. Қабати берунии А. аз ҳуҷайраҳое ташаккул ёфтааст, ки вобаста ба шакл онҳро ҷомчаҳо ва қаламчаҳо меноманд. Ҷомчаҳо барои эҳсоси ранг, қаламчаҳо бошанд, барои дарки рӯшноӣ хизмат мекунанд. Қабати дохилии А. аз торҳои асаб ва ҳуҷайраҳои интиқоли ангезиш иборат мебошад. Аз торҳои асаби А. асаби босира ташаккул меёбад, ки ба мағзи сар меравад. Ниг. низ Босира, Чашм.
КЛ
Сохти офталмоскопии қаъри чашм, паси шабакия; намуд аз ҷониби гавҳарак: 1 – доғ; 2 – чуқурчаи марказӣ; 3 – қурси асаби босира (доғи кӯр); 4 – рагҳои хунгард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …