Главная / Илм / АНКИЛОСТОМИДОЗҲО

АНКИЛОСТОМИДОЗҲО

ankilostomidoziАНКИЛОСТОМИДОЗҲО (Ankylostomidoses), як гурӯҳи бемориҳо, ки кирмҳои лӯнда (анкилостомидаҳо) ба вуҷуд меоранд. Дар рӯдаи одам 2 намуди анкилостомидаҳо – анкилостома ва некатор сукунат дорад. А. дар мамлакатҳои иқлимашон торпикӣ ва субтропикӣ паҳн шудаанд. Дар мамлакатҳои иқлимашон мӯътадил ба А. шахсоне гирифтор мешаванд, ки дар зери замин, дар шароити рутубаташ зиёду ҳарораташ баланд кор мекунанд (конковҳо, нақбканҳо ва ғ.). Анкилостомидаҳо бештар ба одамони деҳот, ки дар саҳро, полиз ва боғот кор карда, ба замин поруи носӯхта меандозанд, сироят менамоянд (хусусан ҳангоми пои бараҳна гаштан).
Анкилостомидаҳои болиғ дар рӯдаи борик, асосан дар рӯдаҳои дувоздаҳангушта ва наҳиф маскан мегиранд. Тухми анкилостомидаҳои модина бо пасафканди бемор хориҷ шуда, дар шароити мусоид баъди 24 соат ба кирмина мубаддал мегардад (дар хок зиндагӣ мекунад). Кирминаҳо ба даруни одам бештар тавассути пӯст ва даҳон (бо сабзавоту меваи ношуста ё об) ворид мешаванд. Онҳо баъд аз 8 – 10 ҳафта болиғ мегарданд.
Беморӣ баъд аз 2 – 3 моҳи сироят падид меояд; он боиси ихтилоли меъдаю рӯда ва инкишофи камхунӣ мешавад; баъзан бо бемадорӣ, дарди сар, сарчархзанӣ ҷараён мегирад. Одатан, ҳангоми А. инкишофи фикрию ҷисмонии кӯдакон суст мешавад. А. баъди аз пасафканди мариз ёфтани тухми кирм ташхис мегардад. Муолиҷаи А.-ро дар беморхона мегузаронанд (бемор пурра шифо меёбад).
Баҳри пешгирии А. ошкор ва муолиҷа намудани шахсоне, ки аз анкилостомидаҳо сироятнок шудаанд, аҳамияти калон дорад; безарар гардонидани ахлоте, ки чун пору истифода мешавад, хеле муҳим аст. Хоки ҷойҳои алоҳидаро (мас., дар шахтаҳо, назди ҳоҷатхонаҳо) бо намаки ошӣ (1 кг ба 1 м2 дар ҳар 10 рӯз як бор) безарар бояд кард. Наҷосатро бо роҳи компосткунонӣ безарар мегардонанд. Дар мавзеъҳое, ки А. паҳн шудааст, сабзавоту мева, инчунин пеш аз хӯрок ва баъд аз қазои ҳоҷат дастонро шустан лозим. Пойлуч гаштан ё дар рӯи замин нишастану дароз кашидан мумкин нест. Ниг. низ Гелминтозҳо.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Ҳамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
О.Ҳ. Ҳусейнов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …