Главная / Илм (страница 220)

Илм

ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)

gurg-haivon-660x330

Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад: навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯрад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар намепечад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин намудаш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи худ мегардонад. Қисми дувумаш барои даво шоям нест. Мизоҷи гург дар дараҷаи севум …

Муфассал »

Балила дар Канзи Шифо (Китоб)

balila-1-660x330

Балила ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор, калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва нозуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин самар истеъмол мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро …

Муфассал »

Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

gambusaki_sargin-2-660x330

Гамбуски саргин -ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пойи деворҳо, хокрӯбаҳо ва саргин мақом дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Гамбуски саргин: агар ин ҷонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти меъда, рӯдаҳо …

Муфассал »

ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

xirs-surat-650x330

Хирс — ин ҳайвони маълуми калони серпашм аст, ки ҳама чизро мехурад. Мизоҷаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи хирси пир хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши Хтрс: заҳраи он гиреҳҳои баданро ба шиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихӯранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо сиркоасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди …

Муфассал »

ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

gurba_pishak

Гурба (пишак) — ин ҷонвар навъҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва обӣ дорад. Мизоҷи гурбаи хонагӣ дар дараҷаи дувум гарм ва рутубаташ бисёр, яъне тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти гурбаи хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст: дарди буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории ниқрис ва даббаро, ки аз даридани пардаи …

Муфассал »

Алокузанг -дар Канзи Шифо (Китоб)

alogazang-593x330

Алокузанг — ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: калон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва майдааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш меёбад. Алокузанги калон рӯйи болҳояш хатҳои зард дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. …

Муфассал »

КӮРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

kurmush-660x330

Курмуш ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин узвҳои муш кӯчактар, хокистариранг, вале ба қавле чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар заминҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох мекунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусусан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст медорад, ки бихӯрад. …

Муфассал »

УҚОБ дар Канзи Шифо (Китоб)

uqob_paranda-660x330

УҚОБ — ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмонанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (нотавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пайдо кардани бадан), бодҳои бисёр …

Муфассал »

ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

panirmoya-660x330

Панирмоя ин меъда, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шиками бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он моеъ бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви …

Муфассал »

МОР дар Канзи Шифо (Китоб)

mor-kobra

Қисмҳои ин гуногуни мор ҳаст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст бо қуввати хушккунандагӣ. Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро аз гавҳараки чашм манъ мекунад. Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро …

Муфассал »