Главная / Илм / АНИС

АНИС

anisАНИС [Pimpinella anisum (≈ Anisum vulgare)], анисун, бодиёни румӣ, бодиёни мисрӣ, бодиёни форсӣ, гиёҳест яксола; ба кашниз ва ҷаъфарӣ монандӣ дорад. Бехаш дукмонанд (дарозиаш 50 – 90 см), пояаш рост (20 – 70 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш дар поя пайдарҳам ҷойгир шудааст. Барги бехи пояаш паррадор ё яклухт, думчадароз; барги қисми миёнаи поя думчакӯтоҳ (қисми болоӣ – бедумча). Гулаш майда, сафед, сершаҳд (моҳҳои май – июн мешукуфад); хӯшагулаш чатршакл (дар нӯги поя ва шохчаҳои паҳлӯӣ ҷой гирифтааст). Мевааш мурудмонанди хокистарранг, баъди пухтан ба ду ҳиссаи баробар («тухм») тақсим мешавад (ба зудӣ мерезад).
А.-и худрӯй маълум нест. Онро дар замонҳои қадим (бино ба маълумоти Бақрот) боғӣ кардаанд. А.-ро одатан баҳорон мекоранд.
А.-ро барои тухмаш мепарваранд. Онро дар Тоҷикистон бештар дар назди ҳавлӣ мекоранд. Тухми А. як навъ адвиёти пурқимат (алалхусус дар қаннодӣ ва нонпазӣ) аст. Онро чун зираву карав ба таом ҳам меандозанд. Сабзаи тару тозаашро чун хӯриш истеъмол мекунанд. Аз А. равғани эфир мегиранд. Онро барои тайёр кардани навшодири анис, хокаю хамираи дандоншӯӣ ва ғ. истифода мебаранд; дар тиб ва атриёт низ муҳим аст. Равғани эфири А. доруи балғамовар буда, ба узвҳои ҳозима тақвият мебахшад.
Хусусияти давоии тухми А. аз қадим маълум аст. Абӯалии Сино анисунро барои кори узвҳои меъда, ҷигар, испурч, гурда ва пешобдон муфид ҳисобидааст; А. арақ, балғам, пешоб ва бодро меронад, нафаскаширо осон ва варами поро мегардонад. Нақеи тухми А.-ро чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима ва бодрон (1 қошуқ А.-и куфтаро дар 1 истакон оби ҷӯш 20 дақ. дам карда пас аз дока мегузаронанд ва пеш аз таом 3 – 4 маротиба 1 – 2-қошуқӣ) менӯшанд. Тухми А. ҷузъи таркибии бисёр «чойҳост», ки барои табобати сулфа, иллати меъда, инчунин чун омили арақовар, зидди исҳол истифода мешаванд.
Ад.: Склиревский Л.Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972; Полуденый Л.В. (ва диг.). Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Гаммерман А.Ф. (ва диг.), Лекарственные растения, М., 1983; Флора Таджикской ССР, Л., 1984.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …