Хабарҳои охирин

ВАЗНИ ОДАМ

vazni-odam

ВАЗНИ ОДАМ (Pondus corporis), массаи тани одам, нишондоди антропометрие, ки бо роҳи баркашидан бо мақсади баҳо додан ба инкишофи ҷисмонӣ, тағзия ва ҳолати саломатӣ амалӣ гардонда мешавад. В. о. ба колбад (ҷусса), ҷинс ва синну сол вобаста аст. Вазни тан нишондиҳандаи нисбии инкишофи ҷисмонӣ ва вазъи тандурустии одам мебошад. Ҳар …

Муфассал »

ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ

immunologiya

ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ, вазоифи барйерии организм, фаъолияти муҳофизӣ, ки тавассути механизмҳои махсуси физиологӣ (ҳоилҳо) иҷро карда мешаванд. Ҳоилҳо организмро аз таъсироти номусоиди муҳит ҳифз намуда, баҳри ба он ворид шудани бактерияҳо, вирусҳо ва моддаҳои зарарнок монеъ мегарданд, барои доимӣ нигоҳ доштани таркибу хосияти хун, лимфа, моеи бофта мусоидат мекунанд. Ҳоил …

Муфассал »

ВАЗОПРЕССИН

vazopresin

ВАЗОПРЕССИН (аз лот. vas – раг ва pressus – фишор), гормони пептидӣ, ки дар ҳуҷайраҳои гипоталамус ҳосил мегардад. В. тавассути нахҳои бандчаи гипоталамусу гипофизӣ ба ҳуҷайраҳои ҳиссаи қафои гипофиз дода мешавад. В. обро дар организм нигоҳ дошта, ба рагҳои хун таъсири ангезишовар мерасонад. В. вобаста ба талаботи органзим ба маҷрои …

Муфассал »

ВАКСИНАҲО

hpv vaccination

ВАКСИНАҲО (Vaccina), мояҳо, доруҳое, ки аз микроорганизмҳои кушта ё камқуввати беморизо, инчунин аз токсин (заҳр)-ҳои безарар тайёр шудаанд. Ҳангоми ба бадан гузаронидани В., дар организм нисбат ба ин ё он бемории сироятӣ масуният (иммунитет) инкишоф меёбад. Чунин иммунитет фаъол буда, ба таври сунъӣ ҳосил гаштааст. Қоидаҳои ваксинатсияро бори аввал духтури …

Муфассал »

ВАКСИНОТЕРАПИЯ

vaksinoterapiya

ВАКСИНОТЕРАПИЯ, усули муолиҷаи бемориҳои сироятӣ тавассути ваксинаҳо. Дар мавриди В. неруи муҳофизии организм тақвият меёбад. Ваксинаҳо ҷараёни ташаккули подтанҳо ва фагоситозро метезонанд, савияи иммуноглобулин ва ферментҳоро баланд мебардоранд. Истифодаи ваксинаҳо хусусан ҳангоми бемории музмини бардавом муфид аст. Бо мақсади В. аз штаммҳои беҷони микроорганизмҳо ва подгунҳои ҷудогона (vi-подгунҳо) истифода мекунанд. …

Муфассал »