Главная / Илм / ВАЗОПРЕССИН

ВАЗОПРЕССИН

vazopresinВАЗОПРЕССИН (аз лот. vas – раг ва pressus – фишор), гормони пептидӣ, ки дар ҳуҷайраҳои гипоталамус ҳосил мегардад. В. тавассути нахҳои бандчаи гипоталамусу гипофизӣ ба ҳуҷайраҳои ҳиссаи қафои гипофиз дода мешавад. В. обро дар организм нигоҳ дошта, ба рагҳои хун таъсири ангезишовар мерасонад.
В. вобаста ба талаботи органзим ба маҷрои хун гузашта, барои дар савияи зарурии физиологӣ нигоҳ доштани мубодилаи обу намак кумак мерасонад. Бисёр рост истодан, беҳад гарм будани ҳаво, шуру ғавғо, дард, зиққӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, талафи обу хун дар организм ба маҷрои хун ворид шудани В.-ро зиёд мекунад. Дароз кашидан, хунук будани ҳаво, бисёр ошомидани об ва истеъмоли машруботи спиртдор ҷараёни ҳосил шудану ба хун гузаштани В.-ро фурӯ менишонад.
Дар мавриди ихтилоли синтези В. диабети беқанд рух менамояд. Ҳангоми дар организм зиёд ҳосил шудани В. антидиабети ғайриқандӣ ё синдроми Пархон ба вуқӯъ мепайвандад. Дар хуни одамони солим фақат изи В. (дар 1 мл хун тақр. 4 микровоҳид), дар миқдори шаборӯзии пешоб бошад, 40 – 60 микровоҳиди гормони мазкур мавҷуд аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …