Главная / Гуногун / Нархнома агар набошад чи зарар ва ё хавф ҳаст?

Нархнома агар набошад чи зарар ва ё хавф ҳаст?

Баъзан вақт шумо мушоҳида мекунед, ки дар мағозаҳо ё бозор нархи ин ё он моли дар фурушбуда нархномааш дар танааш навишта овезон нашудааст ва ин сабаб ҳам дорад, ки яке ин камсаводии фурушанда мебошад, ки у иқтидори ташкилу танзими нархномаҳоро карда наметавонад ва дигаре мақсади қимматар фурухтан аст. Инчунин сабаб дар он ки  нархҳо бар асоси дар бозор нархи дигар маҳсулоту асъорҳо тез-тез иваз шудан масалан болор рафтани қурбӣ асъор нарх метавонад афзояд.

price-0

Ниҳоят оқибатҳои таъсири манфӣ бинобар сабаби набудани нарх-нархномаи маҳсулот дар болои молҳои дар фурушбуда чунинанд:

  1. Фурушанда нархро баландтар назар ба нархи аслии маҳсулот гуфта метавонад харидорро тарсонад ва мол ба фуруш наравад;
  2. Маҳсулот назар ба нархи рақибон болотар фурухта шавад ва ё харидор хабардор шавад ки уро дар мағоза фиреб карда бо нархи бештар қимматар фурухтаанд, эътиқодаш коста шуда ба шиносону дигар одамон оиди фиребгарии ширкат хабаркашӣ мекунад;
  3. Ба хатогӣ роҳ додан аз назар дур нест. Чун ки фурушанда ҳамаи маълумотро дар ёд нигоҳ доштанаш қариб имконият надорад ва метавонад ба ҷойи нархи аслиро гуфтан нархи арзонтарро гуфта ба зарар гирифтан боис гардад;
  4. Харидор мебинад ки нархнома нест пас камтар худорӣ мекунад чунки у мушоҳида мекунаж ки шафофият нест.
  5. Харидорон якбора зиёд шаванд пас фурушанда ба саволҳои мизоҷон саривақт ҷавоб дода наметавонад ва дар натиҷа харидор бе хулосабарорӣ аз нуқтаи савдо баромада меравад.
  6. Нархнома набошад пас фурушандаҳои наве ки ба кор гирифта шудаанд метавонанд дар болои маҳсулот бештар ҳақи худро гузошта фурушанд ва бо ин роҳ даромади сиёҳ гиранд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …