Хабарҳои охирин

БЕМОРИҲОИ РИМНОКИ ПӯСТ

piodermiya

БЕМОРИҲОИ РИМНОКИ ПӯСТ (Pyodermia), пиодермия, бемориҳое, ки микробҳои фасодовар – стафилококкҳо ва стрептококкҳо ба вуҷуд меоваранд. Микробҳои фасодовар дар табиат хело бисёранд. Дар пӯсти одамони солим қариб доимо стафилококкҳо ва стрептококкҳоро пайдо кардан мумкин аст. Онҳо қодиранд дар шароити муайян бемориҳои римнокро ба вуҷуд оваранд. Ба пайдоиши Б. ифлосии доимӣ …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ РӯҲӣ

bemorii-ruhi

БЕМОРИҲОИ РӯҲӣ (Psychoses), бемориҳое, ки бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле, ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Аммо ҳама гуна ихтилол боиси Б. р. нахоҳад шуд. Мас., зимни як қатор бемориҳои асаб, сарфи назар аз он ки мағзи сар иллат …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ КӯДАКОН

infekcionniye-zabolevaniya-detey

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ КӯДАКОН, як гурӯҳ бемориҳои шадиди сироятиро гӯянд, ки бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ангезандаи Б. тавассути ҳаво паҳн мегардад. Ба Б. обакон, гулӯзиндонак, сурфакабудак, ҳасба, сурхакон, сарсом, махмалак, ханозир ва ғ. мансубанд. Барангезандаи Б. бактерияю вирусҳо мебошанд, ки беморон ё ҳомилони бактерия хориҷ мекунанд. Бемор дар арафа ва рӯзҳои …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

infekcionniye-zabolevaniya

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ (Morbi infectiost), бемориҳое, ки бинобар ба организм дохил шуда афзоиш ёфтани микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва соддатаринҳои касалиангез ба вуҷуд меоянд. Ҷиҳати хоси Б. с. имконияти гузаштани онҳо аз организми сироятёфта ба организми солим аст. Муваффақиятҳои олимони соҳаҳои бактериология, микробиология ва иммунология дар а. 19 ба …

Муфассал »

БЕМОРИҲОИ ТАЛҚИНӣ

bemorii-talkini

БЕМОРИҲОИ ТАЛҚИНӣ, гумони барғалати одамест, ки худро гирифтори ин ё он касалӣ мешуморад. Б. т. дар натиҷаи худталқинкунӣ ва илқои шахси дигар ба вуҷуд меоянд. Ба ин қабил бемориҳо шахсони ҳамеша дар изтироб, васвосӣ ва ба ҳиссиёти худ мунтазам диққатдиҳанда гирифтор мешаванд. Б. т. бештар чун тарсу ваҳм, ки яке …

Муфассал »