Главная / Илм / ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ

ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ

immunologiyaВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ, вазоифи барйерии организм, фаъолияти муҳофизӣ, ки тавассути механизмҳои махсуси физиологӣ (ҳоилҳо) иҷро карда мешаванд. Ҳоилҳо организмро аз таъсироти номусоиди муҳит ҳифз намуда, баҳри ба он ворид шудани бактерияҳо, вирусҳо ва моддаҳои зарарнок монеъ мегарданд, барои доимӣ нигоҳ доштани таркибу хосияти хун, лимфа, моеи бофта мусоидат мекунанд.
Ҳоил (барйер)-ҳо шартан берунӣ ва дарунӣ мешаванд. Ба ҳоилҳои берунӣ пӯст, узвҳои нафаскашӣ, узвҳои ҳозима, аз ҷумла ҷигар, гурда мансубанд. Пӯст организмро аз таъсири тағйироти муҳити зист ҳифз намуда, дар танзими ҳарорат иштирок мекунад. Ҳоили пӯст ба ворид шудани бактерия ва заҳрҳо ба организм монеъ мешавад, ба ихроҷи маҳсули мубодилаи моддаҳо, мас., ба тавассути арақ, мусоидат мекунад (ниг. Арақшорӣ). Дар узвҳои нафаскашӣ ғайр аз мубодилаи газ (ниг. Нафаскашӣ) ҳаво аз гарду чанг ва моддаҳи зарарнок (бо ёрии пардае, ки ҷавфи бинӣ ва найчаҳои шушро фаро гирифтааст) тоза карда мешавад. Ғизо дар меъдаю рӯда дигаргун ва барои ҳазм мувофиқ мегардад; маҳсулоти носолими ҳозима, инчунин боде, ки дар рӯда ҳосил шудааст, аз организм ихроҷ мешаванд. Ҷигар вазифаи муҳими сидодиро иҷро мекунад: пайвастҳои заҳрнокеро, ки аз хӯрок ё дар рӯда ҳосил шуда, ба хун гузаштаанд, безарар мегардонад. Гурдаҳо таркиби хунро танзим ва онро аз маҳсули ниҳоии мубодилаи моддаҳо тоза мекунанд. Луобпардаҳои ҷавфи даҳон, чашм, узвҳои таносул низ ба ҳоилҳои берунӣ мансубанд.
Ҳоилҳои даруние, ки байни хуну бофтаҳо воқеанд, «ҳоилҳои гистогемавӣ» ном доранд. Девораи мӯйрагҳои хун вазифаи ҳоили асосиро ба ҷо меорад. Бофтаи пайвандӣ, ташкилаҳои лимфавӣ ва баъзе ҳуҷайраҳои махсуси узву бофтаҳо низ вазифаи муҳофизатро иҷро мекунанд. Байни хун ва системаи асабҳои марказӣ (ба истилоҳ «ҳоили гематоэнсефалӣ»), байни хун ва бофтаҳои чашм (ҳоили гематоофталмӣ), байни хун ва ғадудҳои таносул ташкилаҳои махсуси ҳоил мавҷуданд. Вазифаи хеле муҳим – ҳифзи ҷанин (ниг. Ҳомилагӣ) ба ҳоили ҳамроҳак, ки байни организми модар ва ҷанин воқеъ аст, таалуқ дорад. Ҳамчунин парда ва ташкилаҳои дохили ҳуҷайра, ки аз ғишои мураккаби сеқабата иборат буда, барои ҳифзи унсурҳои муҳими ҳуҷайра пешбинӣ шудаанд, вазифаи ҳоилро баҷо меоранд.
Ҳоилҳои дарунии гистогемавии узв вазъи фаъолият ва қобилияти ба таъсироти зарарнок муқобилат кардани онро муайян месозанд. Онҳо садди аз хун ба бофта интиқол ёфтани моддаҳои бегона (вазифаи муҳофизат) шуда, таркиб ва хосияти муҳити ғизоии узвро танзим менамоянд (барои фаъолияти он шароити мусоид фароҳам меоранд). Чунончи, ҳангоми хеле зиёд гаштани ғилзати ин ё он модда дар хун миқдори он дар бофтаҳои узв мумкин аст тағйир наёбад ё андаке зиёд шавад. Баръакс, миқдори моддае, ки барои бофтаҳои узв зарур аст, сарфи назар аз доимӣ ё ҳатто паст будани ғилзати он, дар хун меафзояд. Ҳоилҳо аз хун моддаҳои барои узву бофтаҳо заруриро гирифта, аз онҳо маҳсули мубодиларо ихроҷ мекунанд.
Равандҳои физиологии организми солим ё бемор, танзими фаъолият ва тағзияи узв, таъсири мутақобилаи байни узвҳои ҷудогонаи организми том ба вазъи ҳоилҳои гистогемавӣ алоқаманд мебошанд. Аҳамияти ҳоилҳо хусусан дар ҳифзи организм аз таъсироти ангезандаи бемориҳои гуногун ва заҳри онҳо хеле калон аст. Бактерияҳо, вирусҳо ва моддаҳои заҳрнок бо хун давр зада, дар бисёр ҳолатҳо метавонанд муҷиби пайдоиши беморӣ гарданд. Сабаби ин бисёр вақт ба заъфи муқобилати ҳоилҳо вобаста аст. Дар айни ҳол табобати манбаи беморӣ бинобар пурзӯр шудани муқобилати ҳоили узви мариз нисбат ба ин ё он дору душвор мегардад.
Ҳоилҳои гистогемавӣ ба таркибу хосиятҳои муҳити дохилии организм мутобиқ мегарданд. Ин баҳри доимӣ нигоҳ доштани хосиятҳои физиологӣ ва биохимиявӣ, ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо аҳамияти калон дорад.
Вазъи ҳоилҳои гистогемавӣ вобаста ба синну сол, таъсири асаб ва гормонҳо, ҳангоми таҳайюҷ ва боздории ташкилаҳои асаб, аз таъсири бехобӣ, гуруснагӣ, наркоз, дар аснои баъзе амроз ва майзадагӣ тағйир меёбад. Баъзан бо мақсади муолиҷавӣ муқобилати ҳоилҳоро ба таври сунъӣ зиёд ё кам мекунанд. Барои ин ба хун доруҳои химиявӣ мегузаронанд, бо нурҳои рентген, ултрабунафш, инфрасурх таъсир мерасонанд. Дар аснои табобати баъзе бемориҳои мағзи сар доруро бар хилофи ҳоили гематоэнсефалӣ бевосита ба моеи ҳароммағз равона месозанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …