Хабарҳои охирин

ВУЛВОВАГИНИТ

vulvivaginit

ВУЛВОВАГИНИТ, илтиҳоби маҳбал ва узвҳои таносули берунӣ. Ба пайдоиши В. истифодаи антибиотикҳо, гормонҳо, нарасидани ҳаво ба узвҳои ҷинсӣ, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, аз ҳад зиёд тоза нигоҳ доштани узвҳои таносул (дар натиҷаи бисёр шустан микрофлораи муфид нест мешавад) ва ихтилоли фаъолияти тухмдонҳо мусоидат менамоянд. Ниг. низ Колпит.

Муфассал »

ВЯЛУШКИН Борис

images

ВЯЛУШКИН Борис Яковлевич (02. 03. 1937, деҳаи Малая Карайи вил. Саратови Россия – 02. 06. 1998, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1980), проф. (1983). Хатмкардаи Донишкадаи 2-юми тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов (1960). Ординатори клиникӣ, аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС (1960 …

Муфассал »

БАВОСИР

haemorrhoid

БАВОСИР (Haemorrhoё), геморрой, ба таври уқдашакл дар қисми мақъад васеъ гаштани сиёҳраги рӯдаи рост. Б. берунӣ ва дарунӣ мешавад. Ҳангоми Б.-и берунӣ сиёҳраги берунии рӯдаи рост васеъ шуда, уқдаҳои он берун мебароянд. Дар мавриди Б.-и дарунӣ сиёҳраги дарунӣ васеъ шуда, уқдаҳои он бевосита дар даруни рӯдаи рост ҷойгир мешаванд. Шах …

Муфассал »

БАДБӯИИ ДАҲОН

badbuii-dahon

БАДБӯИИ ДАҲОН (Foetor ex ore), бӯи нофорамест, ки бештар ҳангоми бемориҳои милки дандон, дандонҳо, димоғ, сурхрӯда, меъда, шуш ва ғ. падид меояд. Дар баъзе мавридҳо Б. д. нишонаи диабети қанд, газаки гурда (нефрит) ё бемориҳои дигари узвҳои дарунӣ аст. Ҳангоми Б. д. барои муайян кардани сабаби пайдоиш ва бартараф намудани …

Муфассал »

БАЗАЛИОМА

bazalioma

БАЗАЛИОМА (Basalioma), омоси пӯст, ки аз эпидермис ва изофаҳои ғадуди пӯст ташаккул меёбад. Асосан дар одамони солхӯрда ба вуҷуд омада, бештар дар рӯй ҷой мегирад. Омос, одатан, танҳо буда, хеле суст (дар давоми солҳо) месабзад. Б. дар ибтидо мисли гиреҳчаи сахти бедард аст; баъд тадриҷан калон шуда, ба захм табдил …

Муфассал »