Хабарҳои охирин

ГӯШТ

gusht

ГӯШТ, аз ҷумлаи хӯроквориҳои пурқимат ва маъмули мардум мебошад. Қимати ғизоӣ ва биологии Г. ба гуногунии таркиби химиявӣ, хусусан ба сафедаҳои он вобаста аст. Г. озуқаи басо гуворою хушҳазм ва серғизо буда, аз он таомҳои бисёр пухтан мумкин аст. Дар хӯрок Г.-и ҳайвоноти калону хурд ва дар баъзе кишварҳо гӯшти …

Муфассал »

ВАБО

cholera

ВАБО (Cholera), бемории шадиди сироятист, ки боиси иллат ёфтани рӯдаи борик, вазнинии ҳолати умумии организм ва камобии бадан мегардад. Ангезандаи В. вибрионҳо мебошанд. Ҳангоми В. рӯдаи борик аз таъсири заҳри ангезанда осеб ёфта, мубодилаи обу электролитҳо вайрон, хун ғализ, фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо хароб мешавад. Ангезаи В.-ро с. 1883 Р. …

Муфассал »

ВАГИНИЗМ

vaginizm

ВАГИНИЗМ (Vaginismus; аз лот. vagina – маҳбал), кашиши муташанниҷи мушакҳои даромадгоҳи маҳбал ва қаъри кос, ки ҳангоми кӯшиши мубошарат (баъзан дар мавриди ба хотир овардани он) ва муоинаи гинекологӣ ба вуҷуд меояд. Дар мавриди В. ҳамзамон ронҳо ҷафс ва мушакҳои девораи шикам таранг мешаванд. В. асосан дар занҳое, ки рӯзҳои …

Муфассал »

ВАГИНОЗИ БАКТЕРИЯВӣ

vaginoz

ВАГИНОЗИ БАКТЕРИЯВӣ, беморие, ки бинобар ноҷурии микрофлораи мӯътадили маҳбал рух менамояд. Микрофлораи маҳбал бактерияҳои анаэробӣ ва оксигени фаъол ҳосил мекунад, ки он таъсири зиддибактериявӣ дорад. Аломати асосии В. б. аз маҳбал омадани обияти бадбӯй аст. Бо ақидаи мутахассисон В. б. бештар дар занҳои сабукпо ба мушоҳида мерасад, вале он сабабҳои …

Муфассал »

ВАГИНОСКОПИЯ

vaginoskopiya

ВАГИНОСКОПИЯ (аз лот. vagina – маҳбал ва scopia – муоина), тадқиқи маҳбал ба тавассути вагиноскоп. В. барои ташхиси бемориҳои узвҳои ҷинсии занҳо, омосҳо, берун овардани полип, ҷисмҳои бегона ва ғ. муҳим аст. Дар мавриди В. ба пардаи бакорат зарар намерасад. Бинобар ин онро метавон барои муоинаи духтаракон низ истифода кард. …

Муфассал »