Хабарҳои охирин

БАРОМАДАНИ УСТУХОН

baromadani-ustugon

БАРОМАДАНИ УСТУХОН (Luxatio), беҷошавии устухон, ихтилоли бутунии бандҳо ва беҷо шудани нӯги буғумҳои устухон. Б. у. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Беҷошавии ғайримодарзодии устухон дар натиҷаи садама ё ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯи дараҷаи ихтилол Б. у. пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми пурра баромадани устухон нӯги устухонҳо аз ҳамдигар …

Муфассал »

БАРОТЕРАПИЯ

baroterapiya

БАРОТЕРАПИЯ (Barotherapia; аз юн. baros – вазнинӣ, гаронӣ ва терапия), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани фишори баланд ё пасти атмосфера. Барои Б. таҷҳизоти махсус – барокамераҳои ҳавоногузар истифода мегарданд. Онҳо тавассути насос ҳаво, оксиген ва ғ.-ро ба дарун мекашанд ё берун мебароранд. Барокамераҳо ҳаҷму андозаи гуногун дошта, барои фишори баланд …

Муфассал »

БАРТОЛИНИТ

bartolinit

БАРТОЛИНИТ (Bartholinitis), газаки ғадудҳои калони вурудгоҳи маҳбал (ба ном ғадудҳои Бартолинӣ). Ба даҳанаи нойи ғадудҳо даромадани микробҳои беморизо (гонококкҳо, стрептоккокҳо, стафилоккокҳо ва ғ.) боиси Б. мегардад. Ҳангоми Б.-и гоноккокӣ (сӯзокӣ) даҳанаи нойи ғадуд аз ҳар ду тараф газак мегирад. Дар аввал Б. беморро одатан ташвиш намедиҳад: андак сахт шудани вурудгоҳи …

Муфассал »

БАРФАК

barfak

БАРФАК (Stomatomycosis), навъе аз бемориҳои занбӯруғӣ. Дар луобпардаи даҳон падид меояд. Ангезандаи Б. занбӯруғҳои ҷинси Candida мебошанд. Асосан дар кӯдакони ширмак ва одамони солхӯрда, хусусан дар онҳое, ки бинобар гирифторӣ ба бемориҳои музмин заиф гаштаанд, ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми беморӣ аввал луобпардаи даҳон сурх ва хушк шуда, баъд дар ком, …

Муфассал »

БАРШОР

rodnik

БАРШОР, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Панҷ, 71 км ҷанубтари ш. Хоруғ, дар баландии 2280 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ 0,8 л/сон., ҳарор. обаш +10 – +150С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 мг/л), калсий (308 мг/л), магний (77,0 мг/л), оҳан (10,0 …

Муфассал »