Главная / Варзиш / «Лапарбозӣ» (бозии тоҷикӣ)

«Лапарбозӣ» (бозии тоҷикӣ)

Дар ин бозӣ барои ҳар як бозингар яктогӣ санги хурд лозим аст. Онхоро барвақтар ёфта ба рангҳои гуногун ранг кардан лозим аст. Ҳамаи бозингарон дар паси хати дар болои замин кашидашуда меис- танд. Дар масофаи 20-30 қадам аз ин хат санги хаҷмаш аз санги дар дасти бозингарон буда калонтар гузошта мешавад. Ин чилчиз аст.

Дар машқгоҳ
Дар машқгоҳ

Ҳар як бозингар бо навбат санги худро бояд чунон партояд, ки он ҳар чӣ наздиктар ба чилчиз афтад. Сипас, бо ёрии пошнаи пой масофаи байни чилчиз ва санги бозингарон чен карда мешавад. Соҳиби сангчаи аз хама наздикафтида хуқуқ пайдо мекунад чилчизро дуртар ҳаво диҳад ва мусобиқа аз нав оғоз меёбад. Бозингаре, ки бисёртар партоф- тани чилчиз муяссараш гардид, ғолиб меояд.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …