Главная / Илм / ВАКСИНАҲО

ВАКСИНАҲО

ВАКСИНАҲО (Vaccina), мояҳо, доруҳое, ки аз микроорганизмҳои кушта ё камқуввати беморизо, инчунин аз токсин (заҳр)-ҳои безарар тайёр шудаанд. Ҳангоми ба бадан гузаронидани В., дар организм нисбат ба ин ё он бемории сироятӣ масуният (иммунитет) инкишоф меёбад. Чунин иммунитет фаъол буда, ба таври сунъӣ ҳосил гаштааст.
Қоидаҳои ваксинатсияро бори аввал духтури англис Э. Ҷеннер пешниҳод кардааст. Вай с. 1796 онро ба муқобили бемории нағзак таклиф карда буд. Ба ақидаи Ҷеннер говдӯшоне, ки касалии хеле сабуки нағзаки говро аз сар гузаронидаанд, ба нағзаки ҳақиқӣ, яъне бемории хавфноку вазнин гирифтор намешаванд. Ваксинаи нахустин аз нағзаки гов ҳосил шуда буд. Ох. а. 19 олими франсавӣ Л. Пастер дар тайёр кардани В. асоси илмӣ гузошт. Вай бар зидди сӯхтанӣ (1881) ва ҳорӣ (1895) моякӯбиро пешниҳод кард. Дар кори таҳияи В. олимони рус И.И. Мечников, Д.К. Заболотний, Н.Ф. Гамалея, Л.А. Тарасевич ва диг. саҳми арзанда доранд.
Илми тиб бар зидди бисёр бемориҳои хавфноки бактериявӣ ва вирусӣ (тоун, вабо, сил, хунок, кузоз, полиомелит, энсефалитҳо ва ғ.) В. дорад.
В.-и беҷон, зинда, химиявӣ, ҳамчунин анатоксинҳо истеҳсол карда мешаванд. В.-и беҷонро дар аснои коркарди бактерия ва вирусҳо бо формалин, спирт ва гарм кардан ба даст меоранд. В.-и зинда аз микроорганизмҳои махсус камқувваткарда, ки қобилияти бемориоварӣ надоранд, вале хосиятҳои иммуногенӣ (масуният)-ро гум накардаанд, тайёр карда мешаванд. Дар муҳити сунъӣ (бактерияҳо) ё организми чорво (вирусҳо) дурудароз парваридани микроорганизмҳо усули маъмули суст намудани хосияти бемориоварии онҳо мебошад. Мас., Л.Пастер бо роҳи парвариши чандкаратаи вирусҳо дар мағзи сари заргӯшҳо В.-и зидди бемории ҳориро таҳия кард; А. Калметт ва Ш. Герен (1921) бошанд, баъди ба муҳити иборат аз картошка солҳои дароз кӯчат кардани батсиллаҳои сил бар зидди ин беморӣ ваксина (БСЖ) ҳосил намуданд. В.-и химиявӣ қисмат (антиген)-ҳои фаъоли махсус ҷудокардаи микрооганизмҳо ё маҳсули мубодилаи онҳо мебошанд. Бо ёрии формалин хосияти заҳрогинии экзотоксинҳои бактерияҳоро безарар гардонида, анатоксин ҳосил мекунанд. В. бояд самарабахш ва барои организм бехатар бошанд.
Дар амалияи тиб баробари ваксинаҳое, ки аз қисматҳои як намуди микроорганизмҳо (моноваксинаҳо) иборатанд, ҳамчунин ваксинаҳоеро истифода мебаранд, ки онҳо аз қисматҳои ду (диваксина) ё чанд микроорганизм (поливаксина)-ҳо таркиб ёфтаанд.
В. бо роҳҳои гуногун гузаронида мешаванд: ба даруни мушакҳо (сурхча), зери пӯст (паратифҳо, домана, исҳоли хунин, вабо, тоун ва ғ.), қабати болои пӯст (нағзак, сил, туляремия, сухтанӣ ва ғ.), ба бинӣ (грипп), даҳон (полиомелит). Барои ҳосил намудани иммунитет як маротиба истифода бурдани В. кифоя аст. Он баъди чанд ҳафтаи ваксинатсия инкишоф меёбад ва муддати дароз (чандин сол) боқӣ мемонад.
Барои пешгирии чунин бемориҳои сироятӣ, монанди сил ва гулӯзиндонак В. аз рӯи нақша (ба тариқи ҳатмӣ) гузаронида мешавад; дар дигар мавридҳо онро аз рӯи зарурат ба кор мебаранд. Мас., одамоне, ки дар манбаъҳои табиии тоун, брутселёз, туляремия, энсефалити японӣ ва канагӣ сукунат доранд, ҳатман ваксинатсия карда мешаванд.
В.-и ҳатмиро бо тартиби муайян мегузаронанд. Мас., ба кӯдакони навзод аввал бар зидди сил (БСЖ), сипас баъди чанд вақт бар зидди хуноқ, кузоз ва сулфакабутак ваксина гузаронда мешавад. Ҳамин тавр, онҳоро аз чанд бемориҳои сироятии хавфнок муҳофизат мекунанд. Истифодаи илман асосноки В. имкон дод, ки бемориҳои сироятии нағзак, тоун, туляремия барҳам дода шаванд. Ба туфайли ваксинатсия дараҷаи ба бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ дучор гаштани аҳолӣ садҳо маротиба кам шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …