Хабарҳои охирин

ГЕРОГИГИЕНА

gerogigiena

ГЕРОГИГИЕНА (аз юн. geron – пирсол ва hygieinos – шифобахш), як фасли геронтология, ки таъсири омилҳои муҳит (табиӣ, маишӣ ва иҷтимоӣ)-ро ба раванди пир гаштани одам меомӯзад; барои бартараф сохтани таъсири номатлуби онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Г. аз чанд илми мустақил иборат аст. Г.-и иҷтимоӣ таъсири омилҳои иҷтимоию иқтисодиро ба …

Муфассал »

ГЕРОИН

HEALTH Drugs 1

ГЕРОИН, диатсетилморфин, маводи мухаддир, хокаи сафеди кристаллӣ. Ох. а. 19 – авв. а. 20 чун дору истифода мешуд. Диатсетилморфинро с. 1874 химики англис А. Райт ҳосил кардааст. Ба сифати доруи сурфа с. 1898 аз ҷониби химики немис пешниҳод гашт (бо тамғаи тиҷоратии «героин» истеҳсол мешуд). Онро асосан чун доруи рафъи …

Муфассал »

ГЕРОНТОЛОГИЯ

gerontologiia

ГЕРОНТОЛОГИЯ (Gerontologia; аз юн. geron – пир ва … логия), таълимот дар боби пирӣ ва дарозумрӣ; илме, ки ба омӯзиши механизм ва ҷараёни биологии пир гаштани мавҷудоти зинда, инчунин усулҳои ба таъхир андохтани суръати пир шудан ва дароз кардани умр машғул аст. Азбаски амалиёти мазкур то давраи пирӣ фаро мерасанд, …

Муфассал »

ГЕСТОЗ

gestoz

ГЕСТОЗ, оризаи ҳомилагӣ, ки боиси халал ёфтани фаъолияти баъзе узву бофтаҳо мегардад. Гумон меравад, ки сабаби Г. ташаннуҷ (спазм) ва тағйироти умумии рагҳо аст. Оид ба пайдоиши Г. фикри ягона вуҷуд надорад. Бино ба ақидаи баъзе мутахассисон Г. як навъи невроз буда, ҳангоми он робитаи тарафайн байни қишр ва зерқишри …

Муфассал »

ГИГАНТИЗМ

gigantizm

ГИГАНТИЗМ (Gigantismus; аз юн. gigas, gigantos – азимҷусса), азимҷуссагӣ, номӯътадил сабзидани қади одам. Г. дар натиҷаи аз меъёр зиёд ҳосил шудани гормони рушд (қисми пеши гипофиз хориҷ мекунад) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми Г. ва қомати баландро бояд аз якдигар фарқ кард. Волидайни азимҷуссаҳо (гигантҳо), одатан, қадбаланд нестанд. Бештар мардон азимҷусса …

Муфассал »