Хабарҳои охирин

ВАЛОКОРДИН

Валокордин

ВАЛОКОРДИН, як навъ дору. Таркиби В. аз фенобарбитал, этилбромизовалерианат, равғанҳои пудина ва хмел, этанол ва об иборат аст. Онҳо таъсири таскинбахш доранд, ангезиши силсилаи асабҳои марказиро кам карда, боиси мӯътадил гаштани хоб мешаванд, рагҳои хунгардро васеъ менамоянд. В. дар мавриди ихтилоли вазифавии силсилаи дилу рагҳо (мас., тахикардия), неврозҳое, ки бо …

Муфассал »

ВАНАДИЙ

vanadium

ВАНАДИЙ (лот. Vanadium), V, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 23, массаи ат. 50, 942. В.-ро с. 1801 олими мексикоӣ А.М. дел Рио дар таркиби маъдани сурб кашф намудааст. Химики шведӣ Н.Г. Сефстрём с. 1830 онро дар маъдани оҳан ёфта, ба шарафи олиҳаи ҳусн Ванадис В. номид. В.-ро …

Муфассал »

ВАНДИДОД

avesta

«ВАНДИДОД», яке аз бахшҳои Авесто. Калимаи «В.» шакли таҳрифшудаи «Видевдат» аст. Дар забони авестоӣ он шакли «Вӣ-дагво датем» дошта, маъниаш «дод (қонун)-и зидди девон» мебошад. «В.» 22 фаргард (боб)-и гуногунмавзӯъро дар бар мегирад. Бобҳо ба тарзи гуфтугӯ (пурсишу посух)-и байни Зардушт ва Аҳура Маздо (эзиди ягона дар дини зардуштия) сохта …

Муфассал »

ВАННАҲО

vannaho

ВАННАҲО (Lavatrina), тадбирҳои гигиенӣ ва шифоию пешгирии бемориҳо, ки тавассути об гузаронида мешаванд. Ваннаҳои гигиениро барои аз ифлосӣ, арақ ва ғ. тоза кардани пӯст истифода мебаранд. Пеш аз қабул худи ваннаро аввал бо чутка ва оби гарму собун нағз шуста, ба маҳлули 1– 2%-и хлорамин ё оҳаки хлорнок тоза кардан …

Муфассал »

ВАННАҲОИ ҲАВОӣ ВА ОФТОБӣ

silnechniye-vanni

ВАННАҲОИ ҲАВОӣ ВА ОФТОБӣ, бо мақсади табобат ва обутоби беморон истифода бурдани хосиятҳои шифобахши ҳаво ва энергияи афканишоти офтоб. В. омили муҳими муолиҷаи санаторию курортӣ буда, асоси климатотерапия (муолиҷа бо иқлим)-ро ташкил медиҳанд. Ваннаҳоро мувофиқи тавсияи духтур метавон ҳар рӯз қабул кард. Ваннаҳои ҳавоӣ. Ҳавои тоза ба бадани тамоман ё …

Муфассал »