Хабарҳои охирин

ГЛИКОЗУРИЯ

glikozuriya

ГЛИКОЗУРИЯ (Glycosuria; аз юн. glykys – ширин ва uron – пешоб), глюкозурия, глюкозпешобӣ, ба тавассути пешоб аз организм хориҷ шудани қанди ангур (глюкоза). Г.-и ғизоӣ ба истеъмоли барзиёди қанд асос ёфтааст. Чунин Г. зуд рафъ мешавад. Имкон дорад дар мавриди диабети қандӣ, амрози гурда, ҳомилагӣ ва ғ. ба мушоҳида расад. …

Муфассал »

ГЛИКОЛИЗ

glycolysis

ГЛИКОЛИЗ (аз юн. glykys – ширин ва lysis – таҷзия), раванди мураккаби ферментии таҷзияи глюкоза. Г. дар шароити анаэробӣ (бе оксиген) дар бофтаҳои ҳайвонот ва одам сурат мегирад. Маҳсули ниҳоии табдили гликолизии глюкоза кислотаҳои шир ва аденозинтрифосфат (АТФ) мебошад. Қимати биологии Г. дар ҳосил шудани пайвастҳои фосфор аст. Ҳангоми таҷзияи …

Муфассал »

ГЛИКОПРОТЕИДҲО

glikoproteidi

ГЛИКОПРОТЕИДҲО, сафедаҳои мураккаби ангиштобдор. Қариб дар ҳама бофтаҳо ва моеоти организм вуҷуд доранд. Массаи мол. аз даҳҳо ҳазор то якчанд млн. Ба Г. асосан мутсинҳо ва мукоидҳо мансубанд. Мутсинҳо дар шираи ғадудҳои луоб, мас., дар шираи ғадуди оби даҳон вуҷуд доранд. Мукоидҳо ба таркиби тағояк, устухон, пай, банд, зуҷоҷияи чашм, …

Муфассал »

ГЛИТСЕРИН

gliserin

ГЛИТСЕРИН (юн. glykeros – ширин), соддатарин спирти сеатома. Г. моеи берангу бӯй ва шарбатмонанд; t гуд. 17,90С, t ҷӯш 2900С, зичиаш 1260 кг/м3 (250С); ҳангоми 1000С хунук кардан, ба массаи шишамонанд табдил меёбад. Бо об, атсетон, спирти этил ва метил омехта мешавад. Бештари пайвастҳои органикӣ ва ноорганики (намак, ишқор, қанд …

Муфассал »

ГЛОБУЛИНҲО

globulinho

ГЛОБУЛИНҲО (аз лот. globuls – саққоча, гулӯлача), гурӯҳи сафедаҳои растанӣ ва ҳайвонот, ки дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Г. ба сафедаҳои глобулинӣ мансубанд. Дар маҳлули сусти намакҳои мӯътадил, кислотаҳои сероб ва ишқорҳо ҳал шуда, дар об (ба ғайр аз миозин ва баъзе диг. Г.) ҳал намешаванд. Дар маҳлули нимсери сулфати …

Муфассал »