Главная / Илм / ВАЗНИ ОДАМ

ВАЗНИ ОДАМ

vazni-odamВАЗНИ ОДАМ (Pondus corporis), массаи тани одам, нишондоди антропометрие, ки бо роҳи баркашидан бо мақсади баҳо додан ба инкишофи ҷисмонӣ, тағзия ва ҳолати саломатӣ амалӣ гардонда мешавад. В. о. ба колбад (ҷусса), ҷинс ва синну сол вобаста аст. Вазни тан нишондиҳандаи нисбии инкишофи ҷисмонӣ ва вазъи тандурустии одам мебошад.
Ҳар шахс вазни худро бояд назорат кунад Ҳарчанд одам вазни хос дорад ва он тағйир ёфта меистад, меъёри муайяни вазн (вобаста ба синну сол, ҷинс ва диг. хусусиятҳо) муқаррар карда шудааст. Мас., барои кӯдаки синни то 4-сола, ки вазни баданаш аз дараҷаи инкишофи ҷисмонии ӯ аниқ гувоҳӣ медиҳад, чунин меъёр муқаррар шудааст (ҷадвали 1). Одатан, падару модарон танҳо тағйири вазни солҳои аввали ҳаёти кӯдакон (хусусан синни ширмакӣ)-ро бо диққат назорат карда, ба вазни кӯдакони синнашон калонтар кам аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ, бо меъёри вазни кӯдакони синнашон калонтар низ шинос шудан мувофиқи мақсад аст (ҷадвали 2). Ин меъёр баъди муоинаи кӯдакони синнашон гуногун аз ҷониби мутахассисон (педиатрҳо, антропологҳо, физиологҳо ва ғ.) тартиб дода шудааст.
Ҷадвали 1.
Вазни кӯдакон дар давраи се соли аввали ҳаёт (ба ҳисоби грамм)

Син Писарбачаҳо Духтарбачаҳо
Навзодон 3500 ± 450 3300 ± 4600
1 – моҳа 4300 ± 650 4100 ± 5500
2 – моҳа 5300 ± 750 5000 ± 550
3 – моха 6300 ± 750 600 ± 5500
4 – моҳа 6900 ± 750 6500 ± 800
5 – моҳа 7800 ± 800 7400 ± 950
6 – моҳа 8700 ± 750 8000 ± 950
7- моҳа 8900 ± 1000 8300 ± 950
8- моҳа 9500 ± 1000 8500 ± 1000
9- моҳа 9900 ± 1200 9300 ± 1000
10- моҳа 10 400 ± 1200 9500 ± 1300
11- моҳа 10 500 ± 1000 9800 ± 1000
12- моҳа 10 700 ± 1200 10100 ± 1200
15- моҳа 11 400 ± 1300 10500 ± 1300
18- моҳа 11 800 ± 1200 11400 ± 1100
21- моҳа 12 700 ± 1400 12300 ± 1400
24- моҳа 13 000 ± 1200 12600 ± 1800
30- моҳа 14 000 ± 1300 13900 ± 1600
36- моҳа 15 000 ± 1700 14900 ± 1500

Дар айни ҳол акселератсия низ дар мадди назар мебошад. Аз ин рӯ, дар ҷадвал ҳам нишондиҳандаи вазн ва ҳам нишондиҳандаи қад оварда шудааст.
Агар вазни кӯдак нисбат ба нишондоди ҷадвал андаке кам ё зиёд бошад, ин нишонаи ягон беморӣ набуда, ба хусусиятҳои сохти бадан (дараҷаи инкишофи мушакҳо, устувории бофтаи устухон ва ғ.) вобаста аст. Дар давраи босуръат қад кашидан (7 – 8 ва 12 – 14-солагӣ), вазн аз меъёр дур мешавад. Вале аз меъёр 15 – 20% зиёд гаштани вазн аломати фарбеҳии дараҷаи якум, 20 – 50% дараҷаи дуюм ва 50 – 100% ва бештар аз он дараҷаи сеюм ва чорум мебошад.
Афзудани вазн чандон зиёд нест, вале фарбеҳии дараҷаи якум торафт меафзояд, ки хавфи ҷиддӣ дорад. Якум, он барои дилу рагҳо таҳмили зиёдатист ва боиси баланд шудани фишори хун мегардад (ниг. Бемории гипертония). Кӯдакони фарбеҳ хаста, дарди сар ва беҳол мешаванд. Фарбеҳӣ ба узвҳои такяю ҳаракат низ таъсири манфӣ мерасонад, чунки устухонҳо, бандакҳо ва бофтаи тағояк ҳанӯз ноустуворанд. Пас, вазни зиёдатии кӯдаки «фарбеҳак» ғайритабиист ва ба устухонбандии ӯ таъсири ногувор меорад. Дуюм, чунин кӯдакон аз фарбеҳии худ дар назди дигарон дар хоҷилат мемонанд, инҷиқ, гирёнчак, тундмизоҷ ва рӯҳан дар азоб ба воя мерасанд.
Зиёдии вазн бештар аломати ихтилоли мубодилаи моддаҳо, фаъолияти системаи узвҳои эндокринӣ ва ғ. мебошад. Бинобар ин агар вазни кӯдак ногаҳон афзояд, аз духтур (педиатр, эндокринолог ва ғ.) маслиҳат гирифтан зарур аст.
Ҷадвали 2
Вобастагии вазни бадан (бо кг)
аз қад (бо см) дар кӯдакони синни 4 – 15-сола

Синну сол Вазн Қад
писарбачаҳо духтарбачаҳо писарбачаҳо духтарбачаҳо
4 – сола 15,5 – 18,9 14,4 – 17,9 98 – 107 95 – 106
5 – сола 17,4 – 22,1 16,5 – 20,4 105 – 116 104 – 114
6 – сола 19,7 – 24,1 19,0 – 23,6 111 – 121 111 – 120
7 – сола 21,6 – 27,9 21,5 – 27,5 118 – 129 118 – 129
8 – сола 24,1 – 31,3 24,2 – 30,8 125 – 135 124 – 134
9 – сола 26,1 – 34,9 26,6 – 35,6 128 – 141 128 – 140
10 – сола 30,0 – 38,4 30,2 – 38,7 135 – 147 134 – 147
11 – сола 32,1 – 40,9 31,7 – 42,5 138 – 149 138 – 152
12 – сола 36,7 – 49,1 38,4 – 50,0 143 – 158 146 – 160
13 – сола 39,3 – 53,0 43,3 – 54,4 149 – 165 151 – 163
14 – сола 45,4 – 56,8 46,5 – 55,5 155 – 170 154 – 167
15 – сола 50,4 – 62,7 50,3 – 58,5 159 – 175 156 – 167

Вазн дар одамони калонсол ҳам тағйир меёбад. Он ба қаду қомат, синну сол ва ҳолати тандурустӣ вобаста аст. Барои аниқ кардани меъёри В. о.-и солим сохти баданро ба назар мегиранд. Он се намуд дорад: астениявӣ, нормостениявӣ ва гиперстениявӣ. Ба астеникҳо харобӣ, қафаси синаи борику дароз, мушакҳои сусту беқувват, ба нормостеникҳо қафаси синаи фарох, шонапаҳнӣ, мушакҳои пурқувват, ба гиперстеникҳо танумандӣ, фарбеҳӣ хос аст. Дар ҷадвали 3 меъёри вазн вобаста ба намуди колбуд ва дарозии қад оварда шудааст. Ин маълумот барои одамони 25 – 30 сола аст (баъди ҳар даҳсола 1 кг зам мешавад).
Ҷадвали 3.
Вобастагии вазни бадан (бо кг) аз қаду қомат (бо см)
дар мардҳо ва занҳои ҷуссаашон астениявӣ (I),
нормостениявӣ (II) ва гиперстениявӣ (III).

Қаду
қомат Мардҳо Қаду
қомат Занҳо
Вазн Вазн
Ҷусса Ҷусса
I II III I II III
155 49,0 56,0 62,0 150 47,0 52,0 56,5
160 53,5 60,0 66,0 155 49,0 55,0 62,0
165 57,0 63,5 69,5 160 52,0 58,5 65,0
170 60,5 68,0 74,0 165 55,0 62,0 68,0
175 65,0 72,0 78,0 170 58,0 64,0 70,0
180 69,0 75,0 81,0 175 60,0 66,5 72,0
185 73,5 79,0 85,0 180 63,0 69,0 75,0

Агар намуди қаду қомат аниқ набошад, чунин формуларо кор мефармоянд:
Вазн ба ҳисоби килограмм
––––––––––––––––––––––––––––
Қад ба ҳисоби детсиметр
Агар ҳосили тақсим 2,8 – 3,1 шавад, вазни кам, 3,2 – 4,3 вазни мӯътадил ва 4,4 – 5,3 фарбеҳиро нишон медиҳад. Ба ин мақсад аз тарзи диг. ҳисоб низ истифода мебаранд. Мас., аз рӯи усули Брок вазни муқаррарии одами калонсол дар сурати аз дарозии қад (ба ҳисоби см) 100 воҳиди шартӣ кам кардан, ҳосил мешавад. Инчунин диг. ченакҳое низ мавҷудаанд, ки дар асоси онҳо инкишофи ҷисмонии одамро муайян месозад. Мас., аз рӯи усули Пине аз дарозии қад (ба ҳисоби см) ҳосили (суммаи ) қимати васеъгии қафаси сина (ба ҳисоби см) ва қимати вазн (ба ҳисоби кг)-ро тарҳ мекунанд. Дар ин ҳол бузургии нишондоди ададӣ ҳар қадар хурд бошад, организми одам низ ҳамон қадар хуб инкишоф ёфтааст. Агар ин бузургӣ аз 10 хурд бошад, тан пурқувват, аз 25 калон бошад, организм заиф аст.
Ҳарчанд, ки усули ҳисоб мувофиқи мақсад аст, истифода аз ҷадвалу номограммаҳое, ки дар асоси муоинаи одамони синну сол ва саломатиашон гуногун тартиб дода шудаанд, беҳтар мебошад. Аз меъёр хеле кам ё баръакс, зиёд шудани вазн хавф дорад. Мас., камии вазн мумкин оқибати ихтилоли фаъолияти узвҳои ҳозима, силсилаи асаб ё ғадудҳои усораи дохилӣ, зуҳуроти бемориҳои хавфнок ва сироятӣ бошад. Фарбеҳӣ низ ҷоиз нест. Он пеш аз ҳама аломати пир шудан аст. Ба берабтии кори дилу рагҳо, фишори баланди хун, зиқи дил, атеросклероз бештар одамони фарбеҳ гирифтор мешаванд.
Зиёдии вазн умрро кӯтоҳ мекунад (ниг. Фарбеҳӣ). В. о. тамоми умр тағйир меёбад. Он ҳам ба ҷинс ва синну сол ва ҳам ба фаъолияти кор, тартиб ва сифати хӯрок, тағйири иқлим вобаста аст. Агар сабаби зиёдии вазн пурхӯрӣ бошад (хусусан дар кӯдакон ва одамони аз 40 – 45-сола боло), пас бо маслиҳати духтур истеъмоли ширинӣ, нон ва диг. ғизоҳои серангиштоб ва серравғанро кам кардан лозим аст (ниг. Парҳез, Тағзия). Дар мавриди фарбеҳие, ки ба ғизо ва камҳаракатӣ вобаста нест, бо духтур маслиҳат бояд намуд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …