Хабарҳои охирин

ГУРУСНА МОНДАН

gurusna-mondan

ГУРУСНА МОНДАН, ҳолатест, ки бинобар вуҷуд надоштан ё ба организм дохил нашудани моддаҳои ғизоӣ ба амал меояд. Он ҳамчунин дар сурати пастсифат будани ғизо ё хӯрокро ҳазм карда натавонистани организм низ пайдо мешавад. Гуруснагӣ чун ҳолати физиологӣ дар табиат айёми хоби зимистонаи ҳайвонот (хирс, юрмон, хорпушт ва ғ.), аз хунукӣ …

Муфассал »

ГУРУСНАГӣ

gurusnagi

ГУРУСНАГӣ чун ҳодисаи иҷтимоӣ аз сабаби муддати дуру дароз нарасидани ғизо ба миён меояд. Г. ошкоро ва ниҳонӣ (нимгуруснагӣ ё нарасидани моддаҳои ҳаётан зарур дар таркиби хӯрок) мешавад. Г.-и ошкоро ҳамқадами садамаҳои табиӣ ва иҷтимоист (хушксолӣ, ҷанг, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғ.), ки боиси якбора кам шудани миқдори хӯрокворӣ (асосан ғалла), …

Муфассал »

ГУРӯҲҲОИ ХУН

guruhhoi-khun

ГУРӯҲҲОИ ХУН [Typi (gruppae) sanguinis], аломатҳои ирсии хун, ки бо маҷмӯи моддаҳои махсуси фардӣ муайян гардида, антиген ё изоантиген ном гирифтаанд. Дар асоси ин аломатҳо хуни тамоми одамон, сарфи назар аз нажод, синну сол ва ҷинс ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад. Мансубияти одам ба ин ё он Г. х. хусусияти …

Муфассал »

ГУТОРОВА Лариса Денисовна

no-photo

ГУТОРОВА Лариса Денисовна (29. 10. 1932, Витебск – 03. 04. 1991, Душанбе), микробиолог, доктори илми тиб (1974), проф. (1975). Баъд аз хатми Ин-ти тиббии санитарию беҳдошти Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1956) дар аспирантураи он таҳсил кардааст. С-ҳои 1959 – 62 ассистенти кафедраи микробиологияи ДДТТ буд. Ходими калони илмӣ (1962 – 77) …

Муфассал »

ГӯШ

gush

ГӯШ (Auris), узви сомеаи ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. Г.-и одам аз се қисм иборат аст: берунӣ, миёна ва дарунӣ. Г.-и берунӣ аз суфраи гӯш иборат буда, роҳи берунии сомеа аз он ибтидо мегирад. Суфраи гӯш лавҳачаи тағоякиест, ки бо пӯст пӯшида шудааст. Танҳо як қисми хурди суфра – нармии гӯш …

Муфассал »