Хабарҳои охирин

ВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ

vacuum_exhole

ВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ, вакуум-аспиратсия, амалиёти қатъ намудани ҳамли мӯҳлаташ то 12 ҳафта бо роҳи ҷаббида гирифтани ҷанин аз ҷафи бачадон. В.-э.-ро баъди аниқ муқаррар шудани ҳомилагӣ ва вуҷуд надоштани аломатҳои номатлуб (мас., бемориҳои сироятӣ, илтиҳобӣ ва ғ.) ба ҷо меоранд. Қабл аз В.-э. санҷиши бактериологии маводи роҳи пешоб, маҳбал, гарданаи бачадон, таҳлили …

Муфассал »

ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ

vakuum-ekstraksiya

ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ, яке аз роҳҳои амалиёти ҷарроҳии акушерӣ. Ҳангоми В.-э. кӯдакро тавассути вакуум-экстрактор аз сараш дошта берун меоранд. В.-э. дар вақти зинда будани тифл ба ҷо оварда мешавад. В.-э.-ро дар мавриди нафастанг шудани кӯдак, заиф будани нишонаҳои таваллуд ва диг. ноҷуриҳо истифода мебаранд. Шарти асосии В.-э. пурра боз шудани гарданаи бачадон …

Муфассал »

ВАЛЕОЛОГИЯ

valeologiya

ВАЛЕОЛОГИЯ (аз лот. valeo – саломат будан), илмест оид ба тандурустӣ ва роҳҳои устувор гардондани он, тарзи ҳаёти солим, вокуниши организм нисбати омилҳои тағйирёбандаи муҳит. В. тарзи ба роҳ мондани ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдошт, маърифати экологӣ ва ғ.-ро таълим медиҳад. В. аз дастовардҳои анатомия, физиология, гигиена, психология, педагогика, экология ва …

Муфассал »

ВАЛИДОЛ

validol

ВАЛИДОЛ, як навъ дору. В. таъсири рефлексӣ дошта, рагҳои хунгардро васеъ мекунад. Дар таркиби як қурси В. 60 мг минтол мавҷуд аст. Таъсири дору ба ангезиши нӯги асабҳои луобпардаи даҳон вобастагӣ дорад. Дар натиҷа энкефалинҳо, эндорфинҳо, динорфинҳо ва пептидҳо барин моддаҳо ҳосил мешаванд, ки баҳри таскини ҳисси дард ва танзими …

Муфассал »

ВАЛОКОРДИН

Валокордин

ВАЛОКОРДИН, як навъ дору. Таркиби В. аз фенобарбитал, этилбромизовалерианат, равғанҳои пудина ва хмел, этанол ва об иборат аст. Онҳо таъсири таскинбахш доранд, ангезиши силсилаи асабҳои марказиро кам карда, боиси мӯътадил гаштани хоб мешаванд, рагҳои хунгардро васеъ менамоянд. В. дар мавриди ихтилоли вазифавии силсилаи дилу рагҳо (мас., тахикардия), неврозҳое, ки бо …

Муфассал »