Главная / Илм / КИСЛОТАҲОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ

КИСЛОТАҲОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ

adenozinfosfatКИСЛОТАҲОИ АДЕНОЗИНФОСФАТ, нуклеотидҳо, эфирҳои моно-, ди- ва трифосфати аденозин, ки аденин, карбогидрати рибоза ва як (АМФ), ду (АДФ) ё се (АТФ) боқимондаи кислотаи фосфат доранд. К. а. дар ҳамаи организмҳо (аз микроб ва растанӣ то одам) мавҷуд буда, дар мубодилаи моддаҳо ва энергия роли муҳим мебозанд. Дар ҳуҷайра доимо табаддулоти ҳамдигарии АТФ, АДФ ва АМФ ба амал меояд. Кислотаи аденозинмонофосфат (АМФ, кислотаи аденилӣ) қисми таркибии кислотаҳои нуклеат буда, ба таркиби бисёр ферментҳо дохил мешавад. Ҳосилаҳои асосии АМФ АТФ ва АМФ-и сиклӣ (фаъолонандаи ферменти фосфорилаза) мебошанд. Кислотаи аденозиндифосфат (АДФ) дар мубодилаи энергия ва фосфоронии оксидкунандаҳо роли муҳим мебозад. АДФ ҳангоми аз АТФ ҷудо гаштани боқимондаи кислотаи фосфат ҳосил мешавад. Кислотаи аденозинтрифосфат (АТФ, кислотаи аденилпирофосфат) субстрати биосинтези кислотаҳои нуклеат мебошад. Як ё ду гурӯҳи фосфати интиҳоии АТФ зери таъсири ферменти аденозинтрифосфатаза ҷудо шуда, АДФ ё АМФ ҳосил мекунад ва энергия (30 – 40 КҶ) хориҷ мешавад. Энергияе, ки аз АТФ ба дигар моддаҳо интиқол меёбад, барои кашиш хӯрдани мушак, ангезиши асаб, тарашшӯҳи ғадудҳо, биосинтези сафеда ва ғ. сарф мегардад. Доруи АТФ-ро бо мақсадҳои муолиҷа (дистрофияи мушакӣ, ихтилоҷи рагҳои канорӣ ва дил) истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …