Главная / Илм / КИРМИ ҶИГАРМАК

КИРМИ ҶИГАРМАК

kirmi-chigarmakКИРМИ ҶИГАРМАК (Fasciola hepatica), фастсиолаи муқаррарӣ, кирми паразит аз синфи трематодаҳо. Танаш баргмонанд, дарозиаш 2 – 5 см, дар интиҳои қисми пеш узвҳои маккандаи даҳонӣ ва шикамӣ дорад. Дар ҷигар, роҳҳои дромади заҳра ва заҳрадони ҳайвонҳои ширмаки алафхӯр ва одам сокин мешавад. Тухмҳои К. ҷ. дар об инкишоф меёбанд ва дар организми аксари обборонакҳо, инчунин диг. нармбандҳо ба кирмина табдил меёбанд. Кирмина (серкарий) аз нармбадан баромада, ба растаниҳои обӣ ва соҳилӣ гузашта, ба адолескария мубаддал мешавад. Кирмина бо растанӣ ба организми дигар дохил шуда, дар ҷигар афзоиш мекунад ва бемории фастсиолёзро ба вуҷуд меорад.
Бо мақсади маҳв кардани К. ҷ. шибарзаминҳоро хушконда, чарогоҳҳоро иваз кардан лозим аст.
Ад.: Шулс Р. С., Диков Г. И. Гельминты и гельминтозы сельскохозяйственных животных, Алма-Ата, 1964.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

botanika_6

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзҳо гурӯҳи калони растаниҳои дараҷаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онҳо реша, поя ва барги ҳақиқӣ …