Главная / Илм / КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ

КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ

atcetilКИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ (Acetylsalicylic), як навъ дору. Дар шакли қурсҳои гуногун (мас., қурс барои кӯдакон, қурси пардадор, ки дар рӯда ҳал мешавад, қурси ҷилддор, қурси дар об ҳалшаванда ва ғ.) истеҳсол карда мешавад. К. а. таъсири зидди илтиҳоб, рафъи дард ва табфарор дорад. Барои муолиҷаи тарбод, артрити тарбодмонанд, миокардити сироятию аллергӣ, перикардит кор фармуда мешавад. К. а.-ро дар мавриди сардард, дарди нимсара, дандондард, невралгия, камардард, дарди мушакҳо, артралгия низ истифода мекунанд. К. а. барои пешгирию табобати амрози дил низ таъин карда мешавад, мас., бемории ишемияи дил, стенокардия, сактаи дил (бо мақсади такрор наёфтани он), тромбоэмболея, сактаи шуш, тромбофлебити шадид ва ғ. Дилбеҳузурӣ, суст шудани иштиҳо, гастралгия, ихтилоли фаъолияти ҷигар ё гурда, камхунӣ, лейкопения ва ғ. аломатҳои таъсири номатлуби К. а. мебошанд. Дар аснои дуру дароз истифода бурдани он сарчархӣ, сардард, қай, захми меъдаю рӯдаҳо, хуншорӣ, заъфи босира, гӯшвазнинӣ, бронхоспазм, садо додани гӯш ба мушоҳида мерасанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …