Главная / Илм / КИСЛОТАИ ХЛОРИД

КИСЛОТАИ ХЛОРИД

kislotai-hloridКИСЛОТАИ ХЛОРИД, кислотаи гидрогенхлорид, HCl, кислотаи қавии якасоса; маҳлули обии хлориди гидроген HCl. К. х. моеъи беранг, бӯи тез дорад. Консентратсияи аз ҳама баланди он 36% аст, зичиаш 1180 кг/м3. К. х. охирҳои а. 16 ба алхимикҳо маълум буд. Онҳо К. х.-ро ҳангоми гарм кардани намаки ош бо гил ё купороси оҳан ҳосил мекарданд. Дар миёнаи а. 17 И. Р. Клаубер К. х.-ро аз NaCl ва H2SO4 ҳосил намуда онро «спирти намакӣ» номид. Усули Глауберро ҳоло ҳам истифода мебаранд.
К. х.-ро барои ҳосил кардани хлоридҳои металлҳои гуногун, синтези масолеҳи органикии хлордор, дар металлургия барои коркарди маъданҳо, дар амалияи лабораторӣ чун реактив ва ғ. истифода мебаранд. Хлориди гидрогени газшакл заҳрнок аст. Вай ба роҳҳои нафас, дандон, пардаҳои луобии бинӣ ва ғ. зарар мерасонад. Ҳавои хона набояд аз 0,005 мг/л зиёда HCl дошта бошад. Ҳангоми бо К. х. кор кардан аз противогаз, айнак, дастпӯшак ва ғ. истифода бурдан лозим.
Дар тиб К. х.-и серобро дар якҷоягӣ бо пепсин ҳангоми паст шудани туршии шираи меъда ва бо доруҳои оҳан дар муолиҷаи анемияи гипохромӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …