Главная / Илм / КИСЛОТАИ СИАНИД

КИСЛОТАИ СИАНИД

kislotai-sianitКИСЛОТАИ СИАНИД, сианиди гидроген, формонитрил, NCH, кислотаи якасосаи суст, моеъи беранг, бӯи бодоми талхро дорад. Зичиаш 688 кг/м2 (20°С), t гуд. –13,1°С, t ҷӯш. 25,7°С. Дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. К. с.-ро с. 1782 К. В. Шееле кашф кард ва с. 1811 Ж. Гей-Люссак аввалин бор ҳосил ва таркиби миқдории онро муқаррар намуд. К. с. дар растаниҳо ва маҳсули таҷзияи пайвастҳои органикии нитрогендор дар намуди озод ё пайваст (мас., дар мағзи бодоми талх – 2,5 – 3,3%, шафтолу – 2 – 3%, зардолу – 1 – 1,8% ва ғ.) вомехӯрад. Дар ҳаво сӯхта H2O, CO2 ва N2 ҳосил мекунад; омехтаи буғҳои К. с. бо ҳаво ҳангоми афрӯзиш метаркад. Намакҳои К. с. сианидҳо ва пайвастҳои органикии он нитрилҳо ном доранд. К. с. барои дезинфексия ва дератизатсияи вагонҳо, амборҳо ва ғ. истифода мешавад. К. с. моддаи заҳрнок аст. Ҳангоми заҳролудии шадид чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, қай, сустию беҳолатӣ, қатъи нафаскашӣ ба вуҷуд меояд. Ҷабрдидаро зуд ба ҳавои тоза бароварда оксиген нафас кашондан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …