Главная / Илм / КИСЛОТАИ НИТРАТ

КИСЛОТАИ НИТРАТ

kislotai-nitratКИСЛОТАИ НИТРАТ, HNO3, кислотаи якасосаи қавӣ, яке аз маҳсулоти муҳими саноати химия. Дар ҳолати озод К. н. моеи беранг буда, зичиаш 1522 кг/м3, t гуд. – 41,15°С, t ҷӯш. 84°С аст; бо об дар нисбатҳои гуногун омехта мешавад. К. н. оксидкунандаи қавист; бо аксари металлҳо (ғайр аз тилло, тантал ва баъзе металлҳои платинӣ) ба реаксия медарояд. Аз таъсири К. н. аксари нометаллҳо (сулфур, фосфор, карбон ва ғ.) ва моддаҳои органикӣ оксид мешаванд.
Дар металлургия К. н. барои ҷудо кардани тиллою нуқра, дар техникаи ракетӣ чун оксидкунандаи сӯзишворӣ, дар тиб барои сӯзондани озах ва баъзе бемориҳои пӯст истифода мешавад. Буғи К. н. роҳи нафасро озурда мекунад; ҳангоми заҳролудӣ аз К. н. аломатҳои бронхит, бронхиолит, сарчархзанӣ, хоболудӣ ба амал меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …