Главная / Илм / КИСЛОТАИ БОРАТ

КИСЛОТАИ БОРАТ

kislotai-boratКИСЛОТАИ БОРАТ, кислотаи ортоборат, H5BO3, кислотаи сусти сеасосаи ноорганикӣ, кристаллҳояш беранги пулакчашакл, зичиаш 1480 кг/м3, t гуд. 169°С (бо таҷзия). Дар об, спирт ва диг. ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Ҳангоми гарм кардан оби таркибашро хориҷ карда, аввал ба кислотаи метаборат HBO2, баъд ба ангидриди борат B2O3 табдил меёбад. Намакҳои К. б. – боратҳо асосан ҳосилаи кислотаҳои полиборат (формулаи умумиашон nB2O3 • mH2)) мебошанд. Ҳангоми таъсири тарафайни К. б. бо спирт, дар иштироки кислотаи консентронидани H2SO4 (ҳамчун пайвасткунандаи об), эфир ҳосил мешавад:
3CH3OH + H3BO3 = B(OCH3)3 + 3H2O.
К. б.-ро асосан аз боратҳои табиӣ ҳосил мекунанд. К. б. дар саноат (барои истеҳсоли шишаҳои махсус ва миноҳо), тиб (воситаи зидди микробҳо), амалияи лабораторӣ (барои тайёр намудани маҳлулҳои буферӣ) ва ғ. истифода мешавад. Маҳлули обии 2 – 4%-аи онро барои обгардон кардани даҳон, гулӯ, шустани чашм кор мефармоянд. Бо марҳами 5 – 10% ва зарураи он бемориҳои пӯстро табобат менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …