Главная / Илм / ЛИПИДҲО

ЛИПИДҲО

lipidhoЛИПИДҲО (аз юн. lipis – чарбу), як гурӯҳи пайвастҳои органикӣ (моддаҳои равғанмонанд), ки сохт ва хосиятҳои гуногун доранд. Л. дар эфир, хлороформ, атсетон, бензин ва диг. ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешаванд. Л. дар бофтаҳо вуҷуд дошта, дар раванди оксиду барқароршавӣ организм иштирок мекунанд, сарчашмаи неруи ҷисм мебошанд. Фосфолипидҳо, холестерин ва эфирҳои он унсурҳои муҳимми мембранаҳои биологӣ маҳсуб мешаванд.
Ба Л. триглитсеридҳо, терпенҳо (монотерпенҳо, дитерпенҳо, каротиноидҳо, стероидҳо ва ғ.) мансубанд. Миқдори Л. дар плазмаи хун 500 – 700 мг/100 мл (аз рӯи усули Уэрги) аст. Дар таркиби плазмаи хун афзудани миқдори триглитсеридҳо (гиперлипемия) далели халал ёфтани механизмҳои ихроҷ намудани чарбу аз хун мебошад. Гиперлипемия (ё липемия) дар мавриди фарбеҳӣ, гипатити шадид, атеросклероз, нефрози липоидӣ, диабети қандӣ ба мушоҳида мерасад.
Ихтилоли генетикии мубодилаи Л. дар организм сабаби сар задани бемориҳои ирсӣ (липидозҳо) мешавад, мас., бемории Тея-Сакс, бемории Норман – Ландинг, бемории Фарбер, бемории Ниманн – Пик, бемории Гоше ва ғ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …