Главная / Илм / ЛИМФОСИТҲО

ЛИМФОСИТҲО

limfosithoЛИМФОСИТҲО (Lymphocytus; аз лимфа ва юн. kytos – ҳуҷайра), як намуди ҳуҷайраҳои сафеди хун. Мансуби лейкоситҳои бедона мебошанд. Л. дар таркиби хуни одами калон 19 – 37%-и миқдори умумии лейкоситҳоро ташкил медиҳанд. Бузургии Л. аз 15 то 13 мкм аст. Л. аз ҷиҳати морфологӣ хурд (диаметрашон 5 – 9 мкм), миёна ва калон (диаметрашон 10 – 13 мкм) мешаванд. Қисми зиёди Л.-ро лимфоситҳои хурд ташкил мекунанд.
Вобаста ба фаъолият се навъи асосии Л. вуҷуд доранд: О-лимфоситҳо, Т-лимфоситҳо ва В-лимфоситҳо. В-лимфоситҳо ба инкишофи иммунитети хилтӣ (гуморавӣ), Т-лимфоситҳо ба инкишофи иммунитети хилтӣ ва ҳуҷайравӣ мусоидат мекунанд. Л. дар раванди кӯчидани бофтаҳои пайвандшуда иштирок менамоянд. Афзоиши миқдори Л. лимфоситоз ва кам шудани адади онҳо лимфоситопения ном дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …