Главная / Илм / ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗӯҲРАВӣ

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗӯҲРАВӣ

khlamidiyaЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗӯҲРАВӣ, лимфогранулематози қадкашак, як навъ бемории зӯҳравӣ, ки хламидияҳо ба вуҷуд меоранд. Сироят асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Давраи ниҳонии маризӣ 1 – 2 ҳафта аст. Ҳангоми маризӣ дар аъзои таносул обилачаҳо, эрозия, папулаҳо пайдо мешаванд. Онҳо баъди чанд рӯз худ аз худ аз байн мераванд. Пас аз чанд ҳафта ё моҳ ғуддаҳои лимфавии қадкашак ва коси хурд осеб меёбанд, сипурз калон мешавад; лейкоситоз рух менамояд. Минбаъд дар қадкашак инфилтрати калону дардманд пайдо мешавад, ки бо пӯст сахт часпида аст. Дар ҷое, ки ғуддаҳои лимфавӣ фасод гирифтаанд, сӯрохиҳои носур ва зардоброҳаҳо ба мушоҳида мерасанд. Онҳо баъди чанд моҳ ё сол гӯшт гирифта, хадша мебанданд. Дар натиҷа ҳаракати лимфа халал меёбад, мумкин аст бемории доъулфил ба вуҷуд ояд. Осебҳое, ки дар мавриди Л. з. дар рӯдаи рост ва мақъад сар мезананд, боиси танг ва баста шудани рӯда мегарданд. Дар занҳо бештар маҳбал ва аъзои ҷинсии берунӣ зарар мебинанд. Захму хадшаҳое, ки дар ин узвҳо пайдо мешаванд, ба деформатсияи клитор ва лабҳои калону хурди фарҷ мусоидат менамоянд (эстиомен).
Л. з. бо антибиотикҳо муолиҷа карда мешавад. Ниг. низ Бемориҳои зуҳравӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …