Главная / Илм / ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ

ЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ

linzai-tamosiЛИНЗАҲОИ ТАМОСӣ, линзаҳое, ки барои беҳтар шудани неруи босира истифода мебаранд. Л. т. бевосита ба рӯи ғӯзаи чашм гузошта мешаванд.
Л. т.-ро аз масолеҳи шаффоф месозанд. Бино ба баъзе маълумот дар ҷаҳон 125 млн наф. одамон аз Л. т. истифода мекунанд. Аксари онҳо ҷавонони 18 – 25-сола мебошанд.
То с-ҳои 60-уми а. 20 Л. т.-ро аз шишаи органикӣ истеҳсол мекарданд. Онҳо барои истифода номувофиқ буда, эҳсоси дар чашм вуҷуд доштани ҷисми бегонаро ба вуҷуд меоварданд. С. 1960 олими чех О. Вихтерле полимери навро кашф карда, аз он Л. т. сохт. Линзаҳои мазкур барои истифода мувофиқ буда, ҳаворо мегузаронданд, ягон эҳсоси ногувор ба вуҷуд намеоварданд. Авв. а. 21 линзаҳои нав – Л. т.-и силикон-гидрогелӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Л. т. ба ду гурӯҳи калон нарм ва сахт ҷудо карда мешаванд. Л. т. нарм ду навъ мебошанд: гидрогелӣ ва силикон-гидрогелӣ. Л. т. сахтро дар ҳолатҳои ниҳоят зарур (мас., дараҷаи баланди астигматизм) кор мефармоянд.
Истифодаи Л. т. аз ҷиҳати косметикӣ низ муфид аст (онҳо дар чашм ноаёнанд). Диаметри Л. т., одатан, 8 – 9 мм мешавад. Онҳоро худи шахс метавонад мустақил берун орад ё ба чашм гузорад.
Л. т.-ро 4 – 6 соат (ва бештар аз он) гирифта гаштан мумкин аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …