ЛИМФОЛЕЙКОЗ, калон шудани бофтаҳои лимфавӣ дар мағзи устухон, ғуддаҳои лимфавӣ, сипурз, ҷигар ва баъзан дар узвҳои дигар. Беморӣ дар пирсолӣ ба вуҷуд омада, дуру дароз давом мекунад. Харобӣ, сустию беҳолатӣ, хастагӣ, камиштиҳоӣ, ки тадриҷан рух менамоянд, аломатҳои Л. мебошанд. Ғуддаҳои лимфавии гардан, қадкашак, рон, оринҷ, болои қулфак калон мешаванд; онҳо сахт буда, дард намекунанд. Ғуддаҳои лимфавии шуш баъзан ба хирной, сурхрӯда ва венаи холӣ фишор меоранд.
Муолиҷаи Л. бо усули шуоъшифоӣ сурат мегирад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …