Главная / Илм / ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ

limfogranulematozЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗ (Lymphagranulomatosis), бемории Хоҷкин, омоси саратонии бофтаи лимфавӣ. С. 1832 духтури англис Т. Хоҷкин кашф намудааст. Дар ҳама синну сол дучор меояд. Сабаби пайдоиши беморӣ номаълум аст. Л. аз чаҳор давра иборат аст: давраи I – осеб ёфтани ғуддаҳои лимфавӣ дар як ё ду мавзеи омехта; давраи II – осеб ёфтани ғуддаҳои лимфавӣ дар ду ё чанд мавзеи аз ҳам ҷудо, вале дар як тарафи диафрагма; давраи III – осеб ёфтани ғуддаҳои лимфавӣ дар ҳар ду ҷониби диафрагма; давраи IV – осеб ёфтани ғуддаҳои лимфавӣ, мағзи устухон, шуш, ҷигар, пӯст ва ғ.
Дар аксари беморон Л. бо калон шудани як ё чанд ғуддаҳои лимфавии канорӣ оғоз меёбад. Ҳангоми Л. баъзан пӯст низ ба таври махсус ва номахсус дигаргун мешавад. Тағйироти номахсуси пӯст бештар дучор меояд. Одатан дар заминаи пӯсти хушки хокистаргун, бештар дар хами дасту пойҳо, гиреҳчаҳои баробари сари сӯзанак, ки хоришу сӯзиш мекунанд, ба вуҷуд меоянд (ранги онҳо сурча аст).
Барои табобати Л. шуоъшифоӣ ё химиотерапия ва ё ҳарду усул дар якҷоягӣ кор фармуда мешавад. Дар давраҳои I, II ва III-и беморӣ бештар аз шуоъшифоӣ истифода мебаранд. Дар давраҳои III ва IV бошад, одатан, химиотерапия таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …