Главная / Илм / ЛИМФОРЕЯ

ЛИМФОРЕЯ

limforeyaЛИМФОРЕЯ (Lymphorrhea; аз лимфа ва юн. rhoe – шоридан), аз рагҳои лимфавӣ ҷорӣ шудани лимфа бинобар осеб ёфтан ё касалии онҳо. Ҳангоми осебҳои кушода аз захм моеъи шаффофи тоза хориҷ мешавад, ки минбаъд сироят ёфта тираранг мегардад. Дар ҷавфи шикам ҷамъ шудани лимфаро хилоперитонеум ва дар ҷавфи плевра гирд омадани онро хилоторакс меноманд; дар ҷавфи перикард ҷамъ гаштани лимфа хилоперикард ном дорад. Дар амал бештар хилоторакс ба мушоҳида мерасад. Л. боиси сафедаҳоро бисёр талаф додани организм мешавад.
Л.-ро бо ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …