Главная / Илм / ЛИМФОМА

ЛИМФОМА

limfomaЛИМФОМА (Lymphoma), омоси саратонии бофтаҳои лимфавӣ ва хунофар. Ба Л.-ҳо лимфосаркома (омоси саратонии бофтаи лимфавӣ), ретикулосаркома (омоси саратонии ҳуҷайраҳои ором), микози занбӯруғшакл, лимфогранулематоз, гранулемаи эозинофилӣ мансуб мебошанд. Ба тавассути подтанҳои моноклонӣ Л.-ҳои Т-ҳуҷайра ва В-ҳуҷайраро фарқ кардан мумкин аст. Дар бештарин мавридҳо Л. дар ғуддаҳои лимфавӣ, сипурз ва бофтаи лимфавии ҳалқубинӣ ба вуҷуд меояд. Баъзан аввал роҳи меъдаю рӯда, устухонҳо, пӯст ва бофтаҳои нарм осеб меёбанд. Зуҳуроти беморӣ, хусусан дар оғоз ба ҷойгирии аввалияи омос вобаста аст. Л.-ро дар асоси тадқиқоти гистологӣ ё ситологӣ ташхис мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …