Главная / Илм / ВАЛОКОРДИН

ВАЛОКОРДИН

ВалокординВАЛОКОРДИН, як навъ дору. Таркиби В. аз фенобарбитал, этилбромизовалерианат, равғанҳои пудина ва хмел, этанол ва об иборат аст. Онҳо таъсири таскинбахш доранд, ангезиши силсилаи асабҳои марказиро кам карда, боиси мӯътадил гаштани хоб мешаванд, рагҳои хунгардро васеъ менамоянд.
В. дар мавриди ихтилоли вазифавии силсилаи дилу рагҳо (мас., тахикардия), неврозҳое, ки бо тундмизоҷӣ, тарс ва беқарорӣ падид меоянд, бехобӣ ва ҳаяҷонпазирӣ истифода мегардад. Онро пеш аз хӯрок бо қадре об истеъмол менамоянд. Вояи дору ба таври фардӣ муқаррар карда мешавад (барои калонсолон, одатан, 15 – 20 чакрагӣ рӯзе се маротиба). Ҳангоми ихтилоли хоб вояи доруро метавон то 30 чакра зиёд кард. В.-ро дар ҷои торик ва ҳарорати 15 – 250С нигоҳ медоранд. В. дар бисёр мамлакатҳо ба рӯйхати моддаҳои мухаддир дохил ва ворид сохтани он манъ карда шудааст.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …