Главная / Илм / ВАЛЕОЛОГИЯ

ВАЛЕОЛОГИЯ

valeologiyaВАЛЕОЛОГИЯ (аз лот. valeo – саломат будан), илмест оид ба тандурустӣ ва роҳҳои устувор гардондани он, тарзи ҳаёти солим, вокуниши организм нисбати омилҳои тағйирёбандаи муҳит. В. тарзи ба роҳ мондани ҳаёти солим, қоидаҳои беҳдошт, маърифати экологӣ ва ғ.-ро таълим медиҳад. В. аз дастовардҳои анатомия, физиология, гигиена, психология, педагогика, экология ва сотсиология истифода мекунад.
В. ба умумӣ ва ҷузъӣ ҷудо карда мешавад. В.-и ҷузъӣ аз ду қисм – В.-и тиббӣ ва В.-и педагогӣ иборат аст. В.-и тиббӣ тафовути байни тандурустию беморӣ ва ташхиси онҳоро дарбар мегирад. В.-и педагогӣ масоили корҳои тарбиявӣ ва маърифатиро оид ба ҳифз намудан ва устувор гардондани саломатии одам меомӯзад.
В. аз бахшҳои морфология (анатомия) – и тандурустӣ, физиологияи тандурустӣ, психологияи тандурустӣ, генетикаи тандурустӣ ва экологияи тандурустӣ таркиб ёфтааст.
Оид ба В. дар кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонии ДДТТ тадқиқот мебаранд.
Ад.: Каримов М.К., Этинген Л.Е., Валеология, Д., 2010

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …