ВАКУУМ-ЭКСКОХЛЕАТСИЯ, вакуум-аспиратсия, амалиёти қатъ намудани ҳамли мӯҳлаташ то 12 ҳафта бо роҳи ҷаббида гирифтани ҷанин аз ҷафи бачадон. В.-э.-ро баъди аниқ муқаррар шудани ҳомилагӣ ва вуҷуд надоштани аломатҳои номатлуб (мас., бемориҳои сироятӣ, илтиҳобӣ ва ғ.) ба ҷо меоранд. Қабл аз В.-э. санҷиши бактериологии маводи роҳи пешоб, маҳбал, гарданаи бачадон, таҳлили хун барои аксуламали Вассерман гузаронида мешавад. В.-э. бо риояи тамоми қоидаҳои асептика ва антисептика сурат мегирад. Агар В.-э. дар шароити амбулатория ба амал бароварда шавад, пас зан баъди он бояд дар утоқи алоҳида камаш 2 соат истироҳат намояд. Ҳамаи занҳое, ки В.-э.-ро аз сар гузарондаанд, дар мушоварагоҳи бонувон ба қайди диспансерӣ гирифта мешаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …