Хабарҳои охирин

ЧАШМАИ ВАНҶ

vanch

ЧАШМАИ ВАНҶ – чашмаи минералии обаш гарм. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 57 километр болотар аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз чашма то роҳи мошингард – 2,5 километр аст. Ҳарорати обаш +220 С; дебиташ 2,3 л/сон. Дар таркиби оби …

Муфассал »

ВАРАҚАИ БЕМОРӣ

spravka-o-bolezni

ВАРАҚАИ БЕМОРӣ, варақаи корношоямӣ, ҳуҷҷатест, ки корношоямии коргарону хизматчиёнро тасдиқ мекунад ва дар давраи муваққатан кор накардан ба ёрдампулӣ ҳуқуқ медиҳад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ В. б. ба ҳамаи коргарон ва хизматчиён дар аёми беморӣ, ҳангоми фалокат, ҳомилагӣ, баъди таваллуд, карантин, ҳомили амрози шаддиди сироятӣ будан, …

Муфассал »

ВАРАҚАИ ҲОМИЛАГӣ

varakai-homilagi

ВАРАҚАИ ҲОМИЛАГӣ, як навъ ҳуҷатти тиббист барои муоина, табобат ва мушоҳидаи занҳои ҳомила. Мақсад аз истифодаи В. ҳ. ҳамоҳанг ва мураттаб сохтани кӯмакҳои тиббие мебошанд, ки дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ ба зани ҳомила расонда шудаанд. Ба В. ҳ натиҷаи ҳама гуна санҷишҳо, ҳамчунин таърихи мухтасари ҳамл ворид карда мешавад. Ҳар …

Муфассал »

ВАРАМИ КВИНКЕ

varami-kvinke

ВАРАМИ КВИНКЕ, бемориест, ки ҳангоми он пӯст, насҷи зери пӯст ва луобпардаҳо ногаҳон варам мекунанд. Аз номи духтури немис Н.И. Квинке (1842 – 1922) гирифта шудааст. В. К. аллергӣ ва ирсӣ мешавад. В. к.-и аллергӣ дар натиҷаи истеъмоли ғизоҳои нофорам, дору ва ғ. сар мезанад. Дар мавриди он якбора аксуламали …

Муфассал »

ВАРАҶА

malaria

ВАРАҶА (Malaria) табдард, таби ботлоқӣ, малярия, бемориест, ки бо табларза, камхунӣ (анемия), калон шудани ҷигар ва сипурз падид меояд. Ангезаи маризӣ плазмодияҳои В. ба шумор мераванд. В. бештар дар кишварҳои гармсер рух менамояд. Ангезаҳои В. ба типи Protozoa, синфи Sporozoa, оилаи Plasmodiidae, ҷинси Plasmodium мансубанд. В.-ро 4 намуди ангезандаҳо ба …

Муфассал »