Хабарҳои охирин

ГИПЕРВИТАМИНОЗ

gipervitaminoz

ГИПЕРВИТАМИНОЗ (Hypervitaminosis; аз гипер ва витаминҳо), беморие, ки дар натиҷаи бисёр истеъмол кардани витаминҳо ба вуҷуд меояд. Витаминҳо омили зарур ва беивази тағзия мебошанд. Дар сурати камвитаминӣ неруи муҳофизии организм суст гашта, мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад, бемориҳои гуногун сар мезананд (ниг. Витаминкоҳӣ). Нарасидани витаминҳо хусусан ба сабзишу инкишофи кӯдак таъсири …

Муфассал »

ГИПЕРГИДРОЗ

gipergidroz

ГИПЕРГИДРОЗ (Hyperhidrosis; аз гипер… ва юн. hydro – об), серарақӣ, яке аз тарзҳои ихтилоли ихроҷи арақ. Дар мавриди Г. арақ бисёр ва бенизом ихроҷ мегардад. Сабабҳои Г. ниҳоят гуногун мебошанд, мас., стресс, калон будани ҷусса, парҳез, ихтилоли фаъолияти гормонҳо, осеби ҷумҷума, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ, асабҳо ва ғ.; Г. ирсӣ …

Муфассал »

ГИПЕРЕМИЯ

giperemiya-kozhi

ГИПЕРЕМИЯ (Hyperaemia; аз гипер… ва юн. haima – хун), афзоиши бо хун таъмин шудани ягон қисми рагҳои канорӣ. Г.-и артериявӣ ба таври рефлексӣ зери таъсири омилҳои физикӣ (гармӣ, молиш додан), биологӣ (маҳсули мубодила) ва химиявӣ (скипидар, равғани хардал) ба вуҷуд меояд; он ҳамчунин яке аз аломатҳои илтиҳоб мебошад. Дар шароити …

Муфассал »

ГИПЕРКАПНИЯ

giperkapniya

ГИПЕРКАПНИЯ (Hypercapnia; аз гипер… ва karpos – дуд), шиддати баланди гази карбонат дар хуни артерия ва бофтаҳои организм. Г. дар аксар ҳолатҳо ҳангоми нафас гирифтани ҳавое, ки дар таркиби он миқдори CO2 зиёд аст, ба вуҷуд меояд (мас., дар хонаҳои хурди ҳавонорас, киштиҳои зериобӣ, скафандрҳои ғаввосӣ ва ғ.). Г. метавонад …

Муфассал »

ГИПЕРКИНЕЗҲО

giperkinez

ГИПЕРКИНЕЗҲО (аз гипер… ва юн. kinesis – ҳаракат), ҳаракатҳои маҷбурии аз ҷиҳати физиологӣ бемаъно ва берабт. Пайдоишу инкишоф ва аломатҳои Г. гуногун мебошанд, бинобар ин ба як гурӯҳи ихтилоли ҳаракат муттаҳид сохтани онҳо шартӣ аст. Г. дар аснои бемориҳои илтиҳобии мағзи сар (мас., лейкоэнсефалит, энсефалит) ва рагҳои он (мас., сактаи …

Муфассал »