Хабарҳои охирин

ГИЛДАВОӣ

gildavoi

ГИЛДАВОӣ, гилпизишкӣ, гилшифоӣ, яке аз усулҳои табобати бемориҳо. Г. дар гузашта бисёр маъмул буд. Одам аз ибтидои пайдоиш ба гил, ба замин ҳамбастагӣ доштааст. Маҳз замин оромгоҳу паноҳгоҳ ва манбаи ризқу рӯзии ӯ маҳсуб мешуд. Аввалин маъхазе, ки аз падидаҳои Г., муносибату афкори аҷдоди моро роҷеъ ба гил, замин дарак …

Муфассал »

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ

gimenolepidoz

ГИМЕНОЛЕПИДОЗ (Hymenolepidosis), бемории одам, ки тасмакирмҳои реза ба вуҷуд меоранд. Дарозии кирмҳо 0,5 – 5 см аст; дар сар узви маканда ва чангак доранд. Танаи баъзе кирмҳо аз 160 – 1000 банд иборат мебошад. Онҳо дар рӯдаи борик ҷой мегиранд. Тухми кирмҳо аз рӯда бо пасафканд хориҷ мешаванд; агар ҳарорат …

Муфассал »

ГИМНАСТИКА

zarjadka

ГИМНАСТИКА, варзиши пагоҳирӯзӣ, машқҳои ҷисмоние, ки пагоҳӣ, баъд аз хоб иҷро карда мешаванд. Г. организмро бардам ва қобилияти кориро зуд барқарор мекунад. Ҳангоми хоб силсилаи асабҳои марказӣ дар як ҳолати махсуси истироҳат мебошад. Дар ин маврид кашиши мушакҳои дил, нафасгирӣ, неруи мушакҳо ва гардиши моеоти байни бофтаҳо суст мешаванд. Баъди …

Муфассал »

ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ

gimnastika

ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ, маҷмӯи машқҳои ҷисмонӣ, ки барои беҳтар намудани фаъолияти организм, нигоҳ доштани қобилияти хуби корӣ, вазъи саломатии коргарон ва донишҷӯён ба тартиби рӯзи кор дохил карда мешавад. Г. к. амрозеро, ки ба онҳо шароити меҳнат сабаб мешаванд, пешгирӣ мекунад. Ба туфайли пешрафти илму техника, автоматонӣ ва механиконии истеҳсолот меҳнати …

Муфассал »