Хабарҳои охирин

ГИНГИВИТ

gingivit

ГИНГИВИТ (Gingivitis; аз лот. gingiva – милки дандон), илтиҳоби луобпардаи милки дандонҳо. Г. дар аснои сирояти бактерияю вирусҳо, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, милкро захмдор кардани қираи тези дандони шикаста, санги дандон, пломба ва коронка, ҳангоми таъсири кислотаю ишқорҳо ва гармӣ ба милки дандон сар мезанад. Г. метавонад аломати витаминкоҳиш, аксуламалҳои …

Муфассал »

ГИНЕКОЛОГИЯ

ginekologiya

ГИНЕКОЛОГИЯ (Gynaecologia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва …логия), илми бемориҳои занона, як соҳаи тибби клиникист, ки хосиятҳои анатомию физиологии организм, инчунин иллати узвҳои таносули занҳоро меомӯзад. Вазифаи умдаи Г. аз овони кӯдакӣ андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳои занона ва пешниҳод кардани усулҳои муолиҷаи онҳо мебошад. Маълумоти аввалин доир ба …

Муфассал »

ГИНЕКОМАСТИЯ

ginekomastiya

ГИНЕКОМАСТИЯ (Gynaecomastia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва mastos – сина, пистон), калон шудани ғадудҳои шир дар мардҳо. Г. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Г.-и ҳақиқӣ дар натиҷаи афзудани бофтаҳои ғадуди шир пайдо мешавад. Сабаби Г.-и дурӯғин ҷамъ шудани чарбу дар ғадуди шири мардҳо аст. Г.-и ҳақиқӣ физиологӣ ва патологӣ …

Муфассал »

ГИПЕР…

giper

ГИПЕР… (аз юн. hyper – фавқ, баланд), қисми аввали калимаҳои мураккаб, ки афзунӣ, фавқ ва аз меъёр зиёд буданро ифода мекунад, мас., гипергидроз, гипергликемия, гиперемия, гипертония ва ғ.

Муфассал »

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ

giperaldosteronizm

ГИПЕРАЛДОСТЕРОНИЗМ, синдроме, ки дар натиҷаи дар организм бисёр будани миқдори гормони қишри ғадуди болои гурдаҳо – алдостерон рух менамояд. Алдостерон дар кори танзими мубодилаи моддаҳо дар организм ширкат меварзад. Он барои дар организм боздошта шудани ионҳои натрий мусоидат карда, ионҳои калий ва гидрогенро ба воситаи пешоб хориҷ менамояд. Тарашшӯҳи алдостеронро …

Муфассал »