Хабарҳои охирин

ГАММА-ГЛОБУЛИНҲО

gamma-globulinho

ГАММА-ГЛОБУЛИНҲО, қисми таркибии сафедаҳои зардоби хун. Г.-г. барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ кор фармуда мешаванд. Доруҳои Г.-г.-ро иммуноглобулинҳо низ меноманд. Г.-г. подтанҳои муҳофиз дорад, ки таъсири бемориовари микроорганизмҳоро рафъ менамоянд. Г.-г. вирусҳо, бактерияҳо, спирохетҳо ва соддатаринҳоро нобуд карда, баҳри пешгирию табобати бемориҳои сироятӣ (хусусан амрози кӯдакон) шароити мусоидат фароҳам …

Муфассал »

ГАНГЛИЙ

gangliy

ГАНГЛИЙ (аз юн. ganglion – ташкилаи омосмонанд), кистаи бофтаҳое, ки халтаи мафсил (банд) ё ниёми пайҳоро фаро гирифтааст. Бештар дар пушт ва баъзан дар кафи даст, банди даст ва пушти по нуму меёбад. Қутри Г. аз 0,5 то 5 – 6 см мешавад. Дар ҷавфи Г. обияти полудамонанд мавҷуд аст. …

Муфассал »

ГАНГЛИОЗИДҲО

gangliodizho

ГАНГЛИОЗИДҲО, сиалогликолипидҳо, липидҳои сохторашон мураккаб, ки дар молекулаашон унсури карбогидрат доранд. Г. асосан дар сатҳи ҳуҷайраи бофтаи асаб ҷой гирифтаанд, вале онҳоро дар пардаи ҳуҷайраҳои эритроситҳо, ҳуҷайраҳои ҷигар, сипурз ва ғ. низ пайдо кардан мумкин аст. Г. дар тамоси байни ҳуҷайраҳо ширкат меварзанд. Г. ҳамчунин ретсепторҳои махсуси «шинохтан»-и баъзе заҳрҳо …

Муфассал »

ГАНГРЕНА

gangrena

ГАНГРЕНА (Gangraina), окила, мавт гаштани узв ё як қисми он дар организми зинда. Бо инкишофи Г. бофтаҳо камоб (Г.-и хушк), қисми осебдида тадриҷан хушк, пурчину сахт ва ҷигарранг (муммонанд) мешавад. Г. метавонад дар ҳама узву бофтаҳо пайдо шавад, вале он бештар дар дасту по рух менамояд. Г.-и хушк дар қисмҳои …

Муфассал »

ГАНДАНО

gandano

ГАНДАНО (Allium ascalonicum), шаллот, навъе аз растаниҳои пиёзакбех. Ба пиёзи муқаррарӣ (А. cepa) хеле монанд, лекин сербех (дар як бех аз 3 то 40) аст. Г. сабзавоти сармобардор (–10 –150С) ва тезрас буда, баъди 15 – 20 рӯз сабзида мерасад. Пиёзаки Г.-ро аввали баҳор мешинонанд. Дар таркиби Г. ба миқдори …

Муфассал »