Главная / Илм / ЛИМУ

ЛИМУ

limuЛИМУ (Citrus limon), растаниест бисёрсолаи субтропикӣ. Дарахташ 3 – 7 м қад мекашад. Шохҳояш хордор (баъзан бехор), баргаш ғафс, дарозрӯя, гулаш сафеди хушбӯй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар, сероб, турш. Л.-ро барои тархурӣ (махсусан бо чой), тайёр кардани мураббо, нӯшоба, ҷем, компот, мармалод, қанд ва ғ. истифода мебаранд. Дар таркиби он туршӣ (асосан ҷавҳари лиму), қанд, витаминҳои С, Е, В1, В2, В6, В15, Р, каротин (провитамини А), моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии оҳан, фосфор, калий, калсий, магний мавҷуд аст. Л. хосияти муолиҷавӣ ва парҳезӣ дорад.
Дар тибби қадим Л. бо мақсади муолиҷаи бемориҳои узвҳои дарунӣ истифода мешуд. Мувофиқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ Л. меъдаро сахт мекунад, дилро қувват мебахшад. Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ табиати Л.-ро сарду хушк ҳисобидааст. Бино ба маълумоти ӯ Л. ҳангоми бемориҳои ҷигар ва меъда (гепатити музмин, заҳролудии ҷигар, гастрит), табларза, бемориҳои сироятӣ, уфунат, зиқи нафас, дарди гулу (ангина), дилзанӣ, рафъи хумор ва чун позаҳр, бахусус ҳангоми газидани ҳашарот муфид аст. Л. пӯсти рӯйро тоза ва гармичаро нест мекунад. Агар мағзи Л.-ро гарм карда ба пешонӣ гузоранд, сардардро, ки бар асари гармӣ ба вуҷуд омадааст, рафъ менамояд.
Дар тибби халқӣ меваи тару тоза, мураббо, нӯшоба, шарбат ва ҷеми аз Л. таҳияшуда барои табобати бемориҳои меъда (газаки бар асари туршии паст пайдошуда), ҷигар (зардпарвин, гепатити кӯҳна), роҳҳои талха (холесистит, санги талхадон), гурда (дарди санги гурда, нефроз, нефрит ва систит), дарди буғуму мушак (ниқрис, тарбод, радикулит, невралгия ва ғ.) ва ба сифати воситаи хунбанд (ҳангоми хунравӣ аз бинӣ, меъда, милки дандон ва ғ.), табшикан, зиддиилтиҳобӣ, рӯҳафзо (ҳангоми бемориҳои сироятӣ – ангина, илтиҳоби шуш, сил, домана, зардпарвин ва ғ.) истифода мешавад. Л.-ро дар амалияи акушерӣ барои пешгирии иллати веннаҳо ва қайи вобаста ба ҳамл кор мефармоянд. Ҷӯшоби меваи хушк ё пӯсти тари он барои муолиҷаи диабети қанд ва ғалаёни хун тавсия шудааст. Шахсони фишори хунашон баланд бояд дар як шаборӯз 3 – 4 маротиба Л. истеъмол намоянд (ҳар дафъа нисфи онро бо пӯсташ). Ин барои беморони гирифтори диабети қанд низ муфид аст.
Дар тибби муосир Л.-ро барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои бинобар гиповитаминоз ё авитаминоз (асосан витаминҳои С ва Р) сарзада тавсия медиҳанд.
Л. барои одамони солим билкул безарар аст. Вале ашхоси гирифтори гастрити гиператсидӣ, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта бояд эҳтиёткор бошанд, зеро он шираи меъдаро зиёд карда, боиси зардаҷӯш, дарди сахт ва қай мешавад. Чунин беморон метавонанд 1 – 2 пораи Л.-ро бо чой ва ҳатман баъди таом истеъмол намоянд.
Ад.: Юсуф Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …