Главная / Илм / ЛИМФАДЕНИТ

ЛИМФАДЕНИТ

limfadenitЛИМФАДЕНИТ (Lymphadenitis; аз лимфа ва юн. aden – ғадуд), газаки уқдаҳои лимфвиро гӯянд. Уқадҳои лимфавӣ қад-қади рагҳои лимфавӣ ҷой гирифта, вазифаи сад (барйер)-ро иҷро мекунанд (моддаҳои зарарнок ва микробҳои касалиовари ба лимфа дохилшударо бозмедоранд). Вобаста ба фаъолияти микробҳо ва ҳолати организм микробҳои беморизо баъди роҳ ёфтанашон ба уқдаҳои лимфавӣ нобуд ё боиси пайдоиши илтиҳоб мешаванд. Л.-и шадид асосан баъди ба воситаи захм, ҷои харошхӯрдаи дасту пой, рӯй, сар, гардан ва ғ. ворид гаштани микробҳо ё чун боди пучак, думбал, флегмона ба вуҷуд меояд. Л.-ро микробҳои фасодовар (стрептококкҳо, стафилококкҳо) ё микробҳои махсус (хусусан барангезандаи сил) низ пайдо мекунанд. Агар иллат бинобар таъсири барангезандаи сил сар занад, Л. музмин ҷараён мегирад.
Дар аснои газаки шадид уқдаҳои лимфавӣ калон шуда, варам мекунанд, ҳангоми палмосидан дард ҳис карда мешавад, вале вазъи бемор бад нест. Дар сурати минбаъд инкишоф ёфтани Л. ҳарорати бадан то 390 ¬– 400 баланд гардида, баъзан табларза, дарди сар, эҳсоси хастагӣ пайдо мешавад. Сурх шудани пӯсти атрофи уқдаҳои калон ва баъди 3 – 4 рӯз нарм гардидани миёнҷои онҳо далели ҷамъ шудани фасод аст. Агар римхонаи уқдаи лимфавиро саривақт чок накунанд, рим ба бофтаҳои наздик гузашта, боиси инкишофи боди ногувор, яъне флегмона мешавад.
Пайдо шудани Л. далели аз ягон манбаи фасоднок паҳн гаштани сироят ва имконпазирии оризаҳои хатарнок аст. Аз ин рӯ, ҳангоми зуҳури аломатҳои Л. фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Дар мавриди мулдиҷаи юаомаад фарҷоми беморӣ хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …